11.03.2017 СЕМИНАР-МАШВАРАТ БО ДИРЕКТОРОНУ МЕТОДИСТОНИ КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
Аз рӯи нақшаҳои пешбинишуда дар шуъбаи илмӣ-методӣ санаҳои 6, 9, 10-уми март бо ҷалби директорону мушовирони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Спитамен (06.03.2017), Гулистон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон (9.03.2017), Конибодом, Исфара, Ашт, Мастчоҳ (10.03.2017) семинар-машварат дар мавзӯи “Риояи талаботи омода кардани ҳисоботи оморӣ” баргузор шуд.
Дар семинар-машварат директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром таъкид дошт, ки болоравии сатҳи некӯаҳволии ҷомеа тайи чанд соли охир сабаби зиёд шудани талаботи маънавии аҳолӣ ба фарҳангу санъат, аз ҷумла китобу китобхонӣ шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ба назар гирифтани ин тамоюли ҷомеа корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар ин самт густариш дода, барои беҳтар ва ба сатҳи замонавӣ баробар кардани хизматрасонии китобхонавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд. Ташрифи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба Китобхонаи вилоятӣ далели равшани ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ мебошад. Дар ҷавоб ба ин ҳусни таваҷҷуҳ китобдорони Китобхонаи вилоятӣ кӯшишу талош намуда истодаанд. Ғайр аз навовариҳои дигари соҳавӣ баргузории семинар-машварати мазкур ҳам ин гуфтаро далел шуда метавонад.
Дар ин семинар-машварат мудири шуъбаи илмӣ-методӣ Қаландаров Абдуазиз дар мавзӯи пур кардани ҷадвали ҳисоботи оморӣ, ки аз тарафи Вазорати фарҳанг муайян шудааст, маълумот дода, роҳу усулҳои дақиқу бехато навиштани ҳар як хатт(графа)-и он, ро ба директорону мушовирон фаҳмонид.
Методисти шуъбаи мазкур Юнусова Мавлуда ба иштирокчиёни семинар-машварат дар мавриди ирсол кардани маълумотномаҳои электронӣ оид ба баргузории чорабиниҳо маслиҳатҳои муфиди методӣ дод.
Иштирокчиёни семинар-машварат инчунин аз вазъи кори шуъбаҳо, бавижа толори махсуси хизматрасонӣ ва толори илмӣ-таълимӣ, фаъолияти китобдорони Китобхонаи вилоятӣ аз наздик ошно шуда, зарурати боз ҳам хубу босамар ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни китобхонаҳоро эҳсос карданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ