Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

16.03.2017. КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ «НАВРӮЗ ВА МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО»

Санаи 16-уми март дар толори Китобхонаи вилоятӣ конфронси илмӣ-амалии «Наврӯз ва муколамаи тамаддунҳо» бахшида ба ҷашни Наврӯз гузаронида шуд. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва китобдорон иштирок доштанд. Директори китобхонаи оммавӣ-вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром иштирокдорони конфронсро бо омадани иди Наврӯз муборакбод гуфт ва ба конфронс ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ӯ таъкид кард, ки ин конфронс бо мақсади таблиғу ташвиқи суннатҳои наврӯзии ниёгон ва ҳифзи онҳо, дақиқу амиқ омӯхтани расму анъанаҳои наврӯзӣ ва шинохтану шиносонидани арзишу аҳамияти умумибашрии онҳо баргузор мегардад.

Сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳамробоева Мавзуна муҳимтарин китобҳои дар мавзӯи Наврӯз таълифшудаи махзани китобхонаро барои иштирокчиён ба таври фишурда бо истифода аз слайд муаррифӣ кард.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Салоҳиддин Вайдуллозода бо маърӯза таҳти унвони “Муруре ба оинҳои наврӯзии тоҷикони Қирғизистон” баромад намуда, доир ба расму оинҳои дар байни тоҷикони Қирғизистон мавҷуда маълумот дода, хотиррасон кард, ки суннатҳои наврӯзии сокинони деҳаи Андарақ бо расму анъанаҳои наврӯзии дигар манотиқи ҳавзаи ҷашни Наврӯз аз тафовут дида умумиятҳои бештар дорад.

Қӯрғонов Зоҳид – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маърӯзаи “Вижагиҳои фарҳангии ҷашни Наврӯз дар Самарқанд” гузориш намуда, доир ба расму русум ва ҷашнҳои миллии тоҷиконир шаҳри Самарқанд маълумот дод. Гузоришгари номбурда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз суннатҳои наврӯзӣ, аз қабили пойга ва гӯшканд имрӯз дар доираи ниҳоят маҳдуд сурат гирифта, дар баъзе деҳаҳо аз байн рафта истодаанд.

Дотсент Баҳром Мирсаидов маърӯзае дар мавзӯи “Наврӯзи Зарафшон”  ба самъи иштирокчиён расонида, баробари бо номгӯю анвои анъана, таому ғизоҳои наврӯзӣ ошно гардонидан зимнан аҳамияти он русуми мардумиро баён кард.

Баъди шунидани маърӯзаҳо намояндаи ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷа Нодирҷон Солиҷонов суханронӣ намуда, баъди табрики ҳозирин, андешаҳояшро доир ба мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои муҳими маърӯзаҳо иброз дошт. Расулова Муаззама – директори Китобхонаи бачагонаи вилоятии ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ҳам зимни баёни мулоҳизаҳо иштирокчиёнро ба муносибати фаро расидани Наврӯз табрик гуфт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ