Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

03.04.2017. Намоиши китобҳои кўдакона

Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ санаи 3-юми апрел китобдорони китобхона-филиали №5 Солиева Гулчеҳра ва китобдори МТМУ №30 шаҳри Хуҷанд Ҷўраева Ҳуснӣ бо ҳамдастии ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби мазкур Усмонова М. намоиши китобӣ бахшида ба «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» ва маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии шоир, нависанда ва драмматург Аъзам Сидқӣ барпо намуданд.

Дар ин намоиши кушод ва маҳфил адибон Маъруф Бобоҷон, Муҳсин Аминзода, Юсуф Насрулло, Муқим Воҳид, Саиднабӣ Наҷимӣ ширкат намуда, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ изҳори назар карда, ҳамчунин дар мавриди эҷодиёти адиби шинохта Аъзам Сидқӣ бо хонандагони наврас суҳбат оростанд. Хонандагон бо намоиши саҳнача, қироати шеърҳо алоқаи худро ба китобу китобхонӣ дар ҳузури ҳамдарсону омўзгорон нишон доданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ