Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

06.04.2017. САЙРЕ ДАР ОЛАМИ АФСОНА БО АДИБОНИ ШИНОХТАИ КИШВАР

Бо ташаббуси китобдорони Толори кӯдакону наврасони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 6-уми апрел дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» маҳфили адабӣ таҳти унвони «Сайре дар олами афсона» бо иштироки маъруфтарин шоирони шеъри кӯдакона, дорандагони Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  Алӣ Бобоҷон ва Ҷӯра Ҳошимӣ баргузор шуд.

Маҳфили адабӣ бо суханронии директори китобхона Мирсаидов Баҳром ҳусни ифтитоҳ ёфт. Номбурда меҳмононро бо хонандагони мактабҳои №19, 23-и шаҳри Хуҷанд, Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд, Мактаби хусусии Ирфон шинос карда, дар бораи хизматҳои шоистаи онҳо дар рушди адабиёти кӯдаконаи кишвар маълумот дод.

Тамошои слайди ҷолиб, ки фарогири аксҳои персонажҳои афсонаҳои халқҳои олам ва адибони машҳур буд, барои наврасон хеле писанд омад. Гузашта аз ин, суханронии шоиру нависанда, Ходими хизматнишондода Алӣ Бобоҷон дар мавриди аҳамияти китобхонӣ дили хонандагонро ба китобу китобхона гарм кард. Хонандагони мактаби №19 Дадоҷонов Муҳаммадамин, Мамадҷонова Нилуфар, мактаби №23 Маҳкамова Ҷонона, Ботурова Мадина бо шавқу завқ дар васфи Ватан-Модар, Истиқолият, Сулҳу Ваҳдат, мактабу маориф, китоб шеърҳо қироат карданд.

Дар идома адиби маъруф Ҷӯра Ҳошимӣ дар бораи афсона, аҳамияти он дар ташаккули тафаккури кӯдакону наврасон изҳори назар кард. Илова бар ин қироати шеър-афсонаҳои «Оё дуруст кардам, ё нодуруст кардам?» ва «Афсонаи мо поён намешуд» аз тарафи шоири номбурда барои наврасон хеле эҳсосбарангезу фараҳбахш буд. Писарбачаҳои Мактаби хусусии Ирфон саҳначаеро дар мавзӯи китоб намоиш гузошта, рақси гурӯҳӣ иҷро кардаанд.

Мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Замирахон Набиева ташкил ва баргузории чунин як маҳфили адабиро бо ҳузури адибони шинохта дар рӯзҳои Фестивали ҷумҳуриявии«Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» иқдоми неки маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ва далели ҳамкории китобдорону омӯзгорон донист.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ