Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

11.04.2017. МАҲФИЛИ «ШОИРИ ИШҚУ ЗЕБОӢ»

Китобдорон бо мақсади ба хонандагон ошно кардани мазмуну мундариҷаи китобҳои тозанашру тозаворид чун анъана маҳфилҳои муаррифии китобҳоро бо иштироки муаллифон доир карда меоянд.  Ин навбат санаи 11-уми апрел муаррифии се китоби тозанашри шоиру фарҳангнигор Абдуҷаббори Суруш бахшида ба 50-солагии суханвари мазкур таҳти унвони «Шоири ишқу зебоӣ» бо иштироку суханронии олимону адибон ва алоқамандони каломи ноб дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо ташаббуси китобдорон барпо гашт.

Слайди инъикосгари фаъолияти эҷодиву илмии Абдуҷаббори Суруш дар таҳияи донишҷӯи соли сеюми хониш Манишвар Мирсаидӣ дар оғози маҳфил  ба намоиш гузошта шуд, ки писанди назару хотири иштирокчиён гардид.

Директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов иштирокчиёнро бо мақсади чорабинӣ шиносонида, шоир Абдуҷаббори Сурушро бо дастагули тару тоза аз номи китобдорон ва алоқамандони шеър таҳният гуфта, зимоми суханро ба Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дод. Номбурда суханро аз фаъолияти илмӣ-таҳқиқии ин шоиру муҳаққиқ оғоз карда, ёдовар шуд, ки Суруш кори мушкилтарин ва пурзаҳматтарин-таҳияи фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандиро бо роҳбарии профессор Абдулманнон Насриддин ба уҳда гирифта, онро дар муддати кутоҳ  омода кард ва ҳамчунон ба иншои шеър шуғл варзида, бо нашри маҷмӯаҳои шеърҳояш сазовори бовару баҳои баланди шоири шаҳир устод Лоиқ Шералӣ гардид.

Сипас сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Нуров Нуралӣ дар заминаи маҷмӯаи «Дарахт, сапеда ва оина» дар атрофи шеърҳои сапед, суннатӣ, вижагиҳои сабкии шоир Суруш бо овардани далелу шоҳид изҳори назар намуда, ҳамзамон ёдовар шуд, ки вайро аҳли қалам ҳамчун шоири соҳибсабку соҳибмактаб мешиносанд.

Мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент Саидов Саидумрон баробари муаррифии маҷмӯаи тозанашри сад ғазали Суруш – «Шабнами нафас» доир ба ҳунари ғазалсароии шоир маърӯза карда, таъкид намуд, ки саҳми ӯ дар ҳифзу эҳёи анъанаи шоирони ғазалсарои классикӣ зиёд аст.

Сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Абдуллоев Ромиз маърӯзаеро таҳти унвони «Назокати сухан ва латофати маъно дар рубоиёти Суруш» бар асоси маҷмӯаҳои тозанашри шоир – “Муҳри меҳр”  ба самъи иштирокчиён расонида, дар сароиши ин жанри мушкили ғиноӣ истеъдоди бемисли шоирӣ доштани Сурушро таъкид кард.

Сарояндаи ҷавон Сорбон Норбадалов ғазалеро аз Суруш бо оҳанги марғуби рубобу доира сароида, табъи ҳозиронро шод намуд.

Чанде аз китобдорони китобхона, аз ҷумла, Шодиева Сурайё, Собирова Дилрабо, Мирзоева Саида аз осори Суруш шеърҳо қироат карданд. Фарзандони шоир Мавлавии Суруш аз “Маснавии маънавӣ” ва Шабнами Суруш ғазале аз Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона хонда, эҳтироми худро ба шеъру сухан нишон доданд. Хонандагон Шарипов Ҷаҳонгир ва Шарифова Фирӯза аз ашъори Суруш рубоӣ ва ғазал хонданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо зикри ҷовидонагии шеъру сухан ва ҷовидонаномии шоирону суханварони классик ба Суруш мондагории шеъру шахсияташро бо ихлос самимона таманно кард.

Шоиру фарҳангнигор Суруш дар фароварди маҳфил чанде аз шеърҳои тозаэҷодашро хонда, ба тафсири онҳо пардохт ва мазмуни шеъру гуфтаҳояш таъкид бар он дошт, ки ҷомеа ба қадри ҳар нафасу ҳар ҳамнафас бирасад, ишқу зебоиро арҷ гузорад ва инсонгароиро шиори зиндагии худ бисозад.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ