Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

14.04.2017 «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳо

Бобоҷон Ғафуров
Бахшида ба фестивали умумиҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва 85-солагии шоир Убайд Раҷаб санаи 3-юми апрел маҳфили  адабӣ-бадеӣ таҳти унвони  «Шоири маҳбуби кӯдакон»  бо ташаббуси китобдорони китобхона-филиалҳои №14, 15, 25 ва хонандагони МТМУ №12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар маҳфил мутахассиси пешбари ҷамоати Ҳайдар Усмонов Маҳмудова Шаҳодат, муовини раиси ҷамоат Баротова Мавзуна ва зиёда аз 30 нафар хонандагони фаъоли китобхона иштирок доштанд.

Аз рӯи барнома хонандагони МТМУ № 12 шеърҳо дар васфи Ватан, сулҳ ва ваҳдат қироат карда, саҳнаеро бо номи «Анварҷон куҷо шуд?» пешкаши ҳозирин гардониданд. Ҳамчунин, санаи 4-уми апрели соли 2017 бахшида ба ин муносибат бо иштироки адибони маъруф Алӣ Бобоҷон ва Ҷӯра Ҳошимӣ ва хонандагону омӯзгорон дар Хонаи маданияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабӣ - бадеӣ таҳти унвони «Китоб равшангари дилҳост» бо тантана баргузор гардид.

Истаравшан
Бахшида ба Соли ҷавонон санаи 4-уми апрел бо ҳамкории кормандони Китобхонаи марказӣ ва мактаби санъати шаҳри Истаравшан маҳфили адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони «Ҷавонон – ояндаи мо» баргузор гардид. Аз рӯи барнома хонандагон Қаюмова Парасту, Раҳимова Марҷона, Ниёзова  Рухшона, Азимбоева Хадича, Шаҳриёри Бахтиёр шеърҳою суруд дар васфи Тоҷикистон, ҷавонӣ, модар, баҳор қироат карданд. Дар охир директори мактаби санъат Носиров Саврулло аз ҳамаи иштирокдорони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба кори он ҳусни анҷом бахшид. Ба ин монанд чорабинӣ санаи 5-уми апрел бо ташаббуси кормандони китобхона-филиали №5-и шаҳри Истаравшан ва хонандагону омӯзгорони МТМУ № 15-и ба номи Мирзо Акбаров чорабинӣ таҳти унвони «Бузургӣ аз бузургдошти китоб сарчашма мегирад»  доир шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ