Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

20.04.2017. МАҲФИЛИ НАКӮДОШТИ ТАБИБИ ЗИНДАЁД АБДУЛЛО ПОРСОЗОДА

Табибон дар ҳар давру замон аз мавқеи иҷтимоии баланд бархӯрдор буда, на фақат дар зиндагӣ, балки баъд аз марг ҳам номи некашон вирди забонҳо ва корҳои мондагорашон намунаи ибрат барои пасояндагон будааст ва хоҳад буд.

Маҳфили гиромидошти табиби зиндаёд Абдулло Порсозода, ки бо ташаббуси шуъбаи адабиёти тиббӣ санаи 20-уми апрел дар толори Китобхонаи вилоятӣ баргузор шуд, далели равшани гуфтаи болост. Дар маҳфили ёдбуд пайвандону шогирдони Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури шинохта – Абдулло Порсозода, табибон, устодону донишҷӯён, аҳли илму адаб, китобдорон ширкат карда, дар бораи шахсият, сифатҳои касбиву инсонии зиндаёд изҳори назар карданд.

 

Ифтитоҳбахшӣ ва бурдани маҳфилро директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов чун анъана аз ошно кардани иштирокчиён бо мақсади чорабинӣ оғоз карда, оид ба мақоми табибон дар ҷамъият ва ҳифзи тандурустии аҳолии кишвар чанд сухан гуфта, роҷеъ ба шахсияти мавриди гиромидошт иттилоъ дод.

Аз хулосаи китобшиносие, ки сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳамробоева Мавзуна таҳти унвони «Умри ҷовидонаи табиб» ба самъи иштирокчиён расонид, дорои табъи нависандагӣ будан ва бо аҳли илму адаб робитаву дӯстӣ доштани табиб Абдулло Порсозода аён гардид.

Дар маҳфил Дадобоев Бахтиёр – духтури асабшиноси Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бузрукова Сурайё – директори Маркази тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Ашт, таърихшиносон, профессорон Усмонҷон Ғаффоров, Ҳабибулло Холҷӯраев бо гузоришу суҳбатҳои ҷолиб паҳлӯҳои ибратбахши зиндагӣ ва фаъолияти касбиву эҷодии Абдулло Порсозодаро барои иштирокдорон боз карданд.

Аз пайвандону ақрабо Мастурахон Шокирова, Марҳабохон Бегматова ёде аз номи неки роҳбару раҳкушо, устоду тарбиятгари худ карда, дар ситоиши Абдулло Порсозода суханҳои нек гуфтанд. Маҳфил бо нақли ибратбахш аз рӯзгори намунавии 50-сола ва дуои ҳамсари табиби зиндаёд ба поён расид.

Илова бар намоиши слайдҳо, дар ҳошияи ин маҳфил аксҳо, маҳсули эҷоди Абдулло Порсозода ба маърази тамошо гузошта шуда,  марвиди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ