Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

21.04.2017. КИТОБИ ШЕЪРИ “АЗ МИЛЛАТИ МУҲАББАТАМ”-И ҶӮРА ЮСУФӢ МУАРРИФӢ ШУД

Нимаи аввали рӯзи 21-уми апрел бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврӣ муаррифии китоби тозанашри рӯзноманигори шинохта ва шоири варзида устод Ҷӯра Юсуфӣ ба муносибати 60-умин солгарди мелод дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо иштироки аҳли илму адаб ва алоқамандони шеъру сухан доир гашт.

Бо муаррифии якоякии меҳмонони ин рӯнамоӣ директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов маҳфилро оғоз намуда, инони суханро дар ихтиёри муҳаққиқи маъруфи таъриху фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон Мирзо Шакурзода гузошт.

Таърихшиносу фарҳангпажӯҳи номбурда бо тавсифи Хуҷанди адабпарвар, ки, ба қавли ӯ, номи баландаш вирди забони тоҷикону форсизабонони самарқандиву бухороӣ, кобуливу теҳронӣ ва ҷаҳонӣ аст, суханро оғоз кард. Ёдовар шуд, ки Ҷӯра Юсуфиро ҳамчун пайванду ҳамхун аз даврони кӯдакӣ мешиносад ва пешравии ӯро дар зиндагию эҷод ва хидмат ба халқ дар асолати хунӣ ва истеъдоди фитрӣ, ҷустуҷӯву такопӯҳои пайваста медонад. Муҳаққиқи мазкур шеъреро  дар васфи Ҷӯра Юсуфӣ қироат намуда, китобҳои навиштаи худро ба аҳли маҳфил муаррифӣ карда, ҳамчун раҳоварди маънавӣ аз Душанбе ба директори Китобхонаи вилоятӣ бо арзи сипос супорид.

Пири рӯзноманигорон ва қаламкашон Усмон Олим дар суҳбати худ аз давраи фаъолияти Ҷӯра Юсуфӣ дар рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” ёд карда, бо қироати як рубоӣ дар ситоиши шоиру рӯзноманигор орзу намуд, ки ҷавонони шокиру қонеъ ва кӯшову тавоно дар партави ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯзу ояндаи кишвари азизамонро боз ҳам дурахшонтар хоҳанд кард.

Шоири зулолсаро ва муҳаққиқ Аъзами Хуҷаста дар мавзӯи шеъри иҷтимоӣ ва бозтоби он дар ашъори Ҷӯра Юсуфӣ маърӯзаи хеле ҷолиб карда, дар поёни суханронӣ як ғазали зебо хонд. Номзади илмҳои филологӣ, лаҳҷашинос Фазлиддин Убайдов дар мавриди корбурди калимаву таъбироти лаҳҷавӣ дар маҷмӯаи ашъори “Аз миллати муҳаббатам” маърӯзаи илмӣ кард. Дар идома хонандагони МТМУ№2 ноҳияи Мастчоҳ дугоникҳо – Шоҳҳасану Шоҳҳусайн якғазалӣ дар васфи модар ва ситоиши олими шинохта Мирзо Шакурзода бо номи “Роҳиёни роҳи испедем мо” қироат карданд.

Корманди шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ Шодӣ Ҳасани Шарифниё гузоришеро таҳти унвони “Фаросат муҳр бар ҳар номаи мост” оид ба баъзе вижагиҳову дарунмояи дубайтиву рубоиёти мундариҷ дар китоби тозанашри “Аз миллати муҳаббатам”  ба самъи иштирокчиён расонд. Шоиру тарҷумон, узви Иттиҳоди нависандагони Федератсияи Русия Муҳаммадҷон Абдуқайюм мувашшаҳеро бо исми Ҷӯра Юсуфӣ (Джура Юсуфи ба забони русӣ) ва адабиётшиносу шоир, сарвари маҳфили қаламкашони наврасу ҷавони ноҳияи Мастчоҳ Маликнеъмат Маликзод як шеъри озод дар тавсифи шоир қироат карданд.

Ҷӯра Юсуфӣ дар поёни маҳфил як мухаммаси худро, ки ба яке аз ғазалҳои устод Лоиқ Шералӣ баста буд, қироат намуда, барои аҳли илму адаб, китобдорон дар қадршиносии суханва ва поси сухан изҳори миннатдорӣ кард ва бо ҳаводорони шеъраш барои хотира акс гирифт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ