Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

17.04.2017. МАҲФИЛИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ «САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ» БАРГУЗОР ГАШТ

Санаи 17-уми апрели соли 2017 дар Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ чорабинӣ бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар рушди илм» баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ китобҳо ва нашрияҳои тозаворид ва видеонавор пешкаши ҳозирин гардид. Директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром бо зикри иқдомоти созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ҷавонону наврасони кишвар ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.

Дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Қӯрғонов Зоҳид бо маърӯзаи «Масъалаи забон ва забоншиносӣ дар осори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баромад намуда, масъалаҳои забоншиносиро дар асоси асарҳои вобаста ба забон таълифнамудаи Сарвари тоҷикону тоҷикистониён мавриди баррасӣ қарор дод.

Намояндаи Ташкилоти ғайридавлатии Кумитаи сулҳ Ҳафиза Ҳомидова дар мавзӯи “Натиҷаҳои самарабахши Ваҳдати миллӣ дар самти рушди сиёсати ҷавонони Тоҷикистон” маърӯза карда, аз хидматҳои беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Мудири кафедраи химияи органикӣ ва амалии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Тиллобоев Ҳаким маърӯзаи худро таҳти унвони «Унсурҳои кимиё – омили рушди замон» ба самъи ҳозирин расонида, нақши ин илмро дар рушди ҷомеа зарурӣ арзёбӣ кард.

Доир ба масъалаи оиладорӣ ва оилавайроншавӣ мудири кафедраи психологияи ичтимоӣ ва касбии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Зайтметов Ҳусейн бо маърӯзаи «Хушбахтии оила аз нигоҳи равоншиносон» баромад карда, дар ин мавзӯъ бо овардани далелҳои воқеӣ аз зиндагии рӯзмарра бо иштирокчиён суҳбати озод намуд.

Муовини декани факултети математикаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, сармуаллим Миршоев Абдушафиқ маърӯзаеро дар мавзӯи «Фанҳои дақиқ – муҳаррики пешбарандаи ҳаёт», ки оид ба аҳамияти илмҳои дақиқ дар пешбурди зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии ҳаёт нигаронида шуда буд, ба самъи иштирокчиён расонид.

Дар доираи мавзӯи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аҳамияти он дар рушди ҷаҳонбинии ҷомеаи илмӣ докторанти факултаи забони хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Қӯзиева Шарофат маърӯза кард.

Китобдорону иштирокчиёни маҳфил баъди шунидани гузоришҳо ва саволу ҷавобҳо эътироф карданд, ки бори аввал чунин як чорабинии фарогири мавзӯоти илмии гуногун дар Рӯзи илм баргузор гашт ва мо шоҳиди он шудем, ки ҷавонони мо таваҷҷуҳ ба илмҳои ҳаётан муҳим зоҳир карда, дар ин самт фаъолияти самарабахш доранд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ