24.04.2017. Конфронси илмӣ-амалӣ дар доираи даҳсолаи амал «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»
Санаи 24-уми апрели соли 2017 дар толори Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс сармуттахассиси оби шахри Хуҷанд Мамадов Ҷ., маттахассиси оби шаҳри Хуҷанд Ёқубов Ш., сардори раёсати илм ва иноватсияи ДДХ Нуров Н., собиқ директори Коллеҷи омузгорӣ Раҷабова З., доктори илмҳои биологӣ Бобоҷонова М., донишҷӯёну омӯзгорон ва китобдорони китобхона-филиали № 2-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ иштирок доштанд.
Кенҷазода М. ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, ва маърӯзаи худро таҳти унвони «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - раҳнамои амали мо» ба самъи ҳозирин расонид.
Як қатор олимону коршиносони соҳа бо маърӯзаҳо, аз ҷумла, мудири кафедраи фанҳои табиӣ Шерматова М.П. дар мавзӯи «Таъсири фаъолияти одам ба гидросфера», омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ Зиёбоева В.А. дар мавзӯи «Ҳифзи оби тоза ҳифзи зиндагонист», омӯзгори кафедраи забони англисӣ Асророва Н. дар мавзӯи «Об – неъмати табиат» ва донишҷӯи гурӯҳи 110 Шарипова М. дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирии оби тоза» баромад карда, аҳамият ва нақши об дар пешрафти ҳаёти ҷомеа, роҳҳои беҳдошт ва сарфакории онро баён доштанд.
Аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳи 111-и Коллеҷи омӯзгорӣ Шарипов Ш. ва Фраймонова С. муколама оид ба об ва аҳамияти он пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Доктори илмҳои биологӣ Бобоҷонова М. ва собиқ директори Коллеҷи омӯзгорӣ Раҷабова Зулфия суханронӣ карда, доир ба ифлосшавии об ва зарари он ба муҳити зист ибрози андеша карданд.
Муовини директор оид ба илм Муталлибов Р. барои ташкилкунандаҳо ва иштирокдорони конфронс изҳори миннатдорӣ карда, ба конфронс ҳусти анҷом бахшид.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ аз ҷониби китобдорон намоиши китобӣ-матбуотӣ таҳти унвони «Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» ба намоиш гузошта шуд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ