Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

25.04.2017. «СУХАНТИРОЗИ ДУНЁИ ОРЗУ»

Санаи 25-уми апрели соли 2017 бо ташаббуси китобдорони  толори кӯдакон ва наврасон ва хонандагони  МТМУ№17 сӯҳбат, намоиши китобӣ, хулосаи китобшиносӣ таҳти увони «Сухантирози дунёи орзу» бахшида ба 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо дар толори кӯдакон ва наврасон баргузор гардид.

Аз тарафи кормандони шуъба слайд, ки фарогири ҷанбаҳои  гуногуни зиндагонии Кароматулло Мирзо буд, ба   намоиш гузошта шуд ва писанди ҳозирин гардид. Мудири толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо оид ба ҳаёт ва фаъолияти нависанда ба  иштирокчиён маълумот дод.

Хонандагони синфи 7«б» Мирзораҳматова Мастура ва  Мамадҷонова Мавлуда дар бораи китоби «Ситораҳои паси абр»-и Кароматулло Мирзо бардоштҳои худро ба ҳозирин баён доштанд. Ҳамчунин, хонандагони синфи 7«в» Ҳомидова Назира оид ба романи «Дар орзуи падар» ва Зокиров Ислом  дар бораи асари «Гӯшвора» ба иштирокдорон нақл карданд.

Дар намоиши китобӣ асарҳои Кароматулло Мирзо аз қабили  «Дар орзуи падар», «Муки любви», «Ситораҳои паси абр», «Шабе дар кабудҷар», «Суруди муҳаббат», «Нишони зиндагӣ», «Дарди ишқ», «Маоши аввал», «Ситораи аввал», «Ситора иумед», «Ситораҳои пурҷило», «Ота орзусида», “Зиндагӣ  ҳам нафасе”, “Гӯшвора”, “Пири бераҳм”, “Қаҳрамон” ва “Хонаи бобо” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар охир китобдори МТМУ №12 Ниёзова Дилрабо суханронӣ намуда, оид ба ҷиҳатҳои тарбиявии романи «Дар орзуи падар» андешаҳои худро  иброз дошт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ