27.04.2017 ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ РАЁСАТИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТ
Фарҳанг ҳамчун як соҳаи афзалиятноки ҳаёти иҷтимоӣ баробар бо равандҳои ҷории замон рушду нумуъ меёбад. Бо дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъат ва ҳунарҳои миллӣ ҳамаҷониба рушд ёфта истодааст. Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, ки санаи 27-уми апрел оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли равон дар толори Китобхонаи вилоятӣ баргузор шуд, далели ин гуфтаҳост.
Ҷаласа бо маърӯзаи муфассали сардори Раёсати фарҳанг Набиев Орифҷон оғоз гардид, ки номбурда доир ба вазъи фаъолияти муассисаҳои зерсохтори Раёсати фарҳанг, аз қабили театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо, қасрҳову марказҳои фарҳанг, боғҳои фароғатӣ, мактабҳои мусиқӣ, маҷмааҳои фарҳангӣ ва дигар ниҳодҳо бо зикри далелу рақамҳои мушаххас гузориш дод. Номбурда таъсис додани воҳидҳои корӣ дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳу Ашт, кушодашавии Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, муаррифии 5 дастаи навтаъсиси ҳунарии шаҳри Хуҷанд, бо ҷалби зиёда аз 10 ҳазор нафар донишҷӯ, ҳунарманд, ансамблҳои вилоят дар ҳузури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил ёфтани Наврӯзи байналмилалӣ, фаъолияти босамар бурдани 7 театри касбӣ ва 5 театри халқӣ, таъмиру азнавсозии мактабҳои санъати шаҳру ноҳияҳо, бо маблағи 4,2 миллион сомонӣ азнавбарқароршавии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфи Исфарангии шаҳри Исфара, бо дастгирии мақомоти маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шабакаи интернет пайвастшавии Китобхонаи марказии ноҳия, таъсисёбии 5 китобхона дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз шумори дастовардҳои се моҳи аввали соҳаи фарҳанги вилоят баршумурд.
Ӯ, ҳамчунин, дар фарҷоми гузориш фаъолони соҳаро барои саҳми арзанда дар рушдифарҳанг ва ширкати намунавӣ дар таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ–2017 бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг, Раёсати фарҳанги вилоят қадршиносӣ кард.
Сармутахассиси Раёсат Равшан Баротов дар суханронии худ перомуни фаъолиятҳои театрҳои касбии вилоят ва барномаю нақшаҳои кории онҳо гузориш дод.
Дар мавриди ташкил намудани хизматрасонии муосир дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром маърӯза карда, доир ба самтҳои гуногуни соҳаи китобдориву китобшиносӣ, аз ҷумла ҷиҳати дар сатҳи матлуб фаъолият бурдани китобдорону методистонро андешаронӣ намуд.
Аз маърӯзаи мутахассиси пешбари Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилоят Абдуллоева Хуршеда роҷеъ ба ҳолати объектҳо ва вазъи фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, минҷумла аз навиди баъди азнавбарқароршавӣ ба кор шуруъ кардани боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара бармеояд, ки бунёди чунин марказҳову нуқтаҳои хизматрасонии фарҳангӣ барои баланд бардоштани сатҳи маънавии зиндагии аҳолӣ хидмат хоҳад кард.
Собиқадори соҳа Нодирҷон Солиҷонов доир ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи муассисаҳои фарҳангӣ маърӯза карда, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор шудани ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангиро далели якдиливу ҳамрайъии фарҳангиёни вилоят шумурд.
Дар мавриди фаъолият ва бурду бохти муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ҷаббор Расулов мудири бахши фарҳанг Фатҳиддин Юсуфӣ гузориш намуда, фаъолияти китобдорони китобхонаҳо, кормандони муассисаҳои фарҳангии ноҳияро дар ташкили хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ хуб арзёбӣ кард.
Ҳамчунин иқтисодчии Раёсати фарҳанг Мухаммедов Шероз оид ба масъалаҳо ва нишондодҳои молиявӣ чанд пешниҳодоти худро баён дошт.
Ҷаласа бо зикри мулоҳизаҳои судманд ва ироаи маслиҳатҳои некбинонаи мутахассисони соҳа ба поён расид.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ