Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

27.04.2017 МАШҲУРИ ДУНЁИ ҲУНАР

Дар ин рӯз дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида ба 75-солагии ҳаҷвнигор, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Неъматов Абдураҳим бо ташаббуси кормандони шуъбаи санъат маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Машҳури дунёи ҳунар» баргузор гардид. Дар чорабинӣ як қатор олимону шоирон, аз ҷумла, Шоирони халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, шоиру драмматург Саидамин Ҷило ва ҳофизону ҳаҷвнигорони шинохта, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ӯрунбек Ҳамдамов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бимоҳрӯ Ҷӯрабойзода, ҳаҷвнигор, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Абдуфаттоев Муқимҷон, сарояндаи маҳбуб Носирҷон Раҳимов ва дигарон иштирок доштанд.

Директори китобхона Баҳром Мирсаидов ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба иштирокдорон муаррифӣ намуд ва ҳозиринро ба Китобхонаи вилоятӣ хайрамақдам гуфт. Сардори раёсати  фарҳанги вилояти Суғд Орифҷон Набиев баромад намуда, бо зикри вижагиҳои касбиву ҳунарӣ, мақоми эҷодӣ ва ҷойгоҳи рафеи ин ҳунарпешаи асил саҳифаҳои хотироташро варақгардон кард.

Сардори шуъбаи санъати Китобхонаи вилоятӣ Умарова Машҳура бо маърӯза таҳти унвони «Зиндагиномаи ҳаҷвнигори шинохта –Абдураҳим Неъматов» баромад намуда, доир ба зиндагӣ ва самтҳои асосии фаъолияти мавсуф маълумот дод.

Слайди аксҳои хотиравии инъикосгари беҳтарин лаҳзаҳои зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Неъматов Абдураҳим, ки аз тарафи кормандони шуъбаи санъат омода гардида буд, ба намоиш гузошта шуд.

Шоир ва драматург, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Саидамин Ҷило дар мавзӯи «Нақши Абдураҳим Неъматов дар театри тоҷик» суханронӣ намуда, хизматҳои Абдураҳим Неъматовро дар рушди театр, тарбияи санъаткорони ҷавон зикр карда, бо нақли ёддоштҳо аз фаъолияти меҳнатӣ ва сифати шахсии ҳунарпешаи фақид баён дошт.

Намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нодирҷон Солиҷонов дар мавзӯи «Саҳми Абдураҳим Неъматов дар инкишофи жанри ҳаҷвнигорӣ дар театри касбӣ» суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз самтҳои асосии фаъолият таъкид дошт, ки эшон аз зумраи ҳунармандони соҳибмактабанд ва саҳми худро дар ба камол расонидани насли ҷавони ҳунармандони соҳаи театр гузоштаанд.

Видео-навор, ки инъикоскунандаи беҳтарин лаҳзаҳои зиндагии Неъматов Абдураҳим буд, пешкаши иштирокдорон гардид.

Набиҷон Ҷӯраев – устоди Коллеҷи саннъати ба номи Содирхон Ҳофиз маърӯзаеро таҳти унвони «Ахтари тобони санъати ҳаҷвнигории миллӣ», дар бораи хизматҳои шоистаи Неъматов Абдураҳим ва дараҷаи маъруфияту маҳбубияти ӯ ибрози андеша  намуд.

Ҳаҷвнигор, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Муқимҷон Абдуфаттоев бо маърӯзаи «Абдураҳим Неъматов – тарбиятгари ҳаҷвнигорони ҷавон» баромад намуда, хотироташро аз лаҳзаҳои ҳамкорӣ бо устоди санъат баён намуд ва нақши ӯро дар ташаккули фаъолияти эҷодии ҳаҷвнигорони ҷавон бузург арзёбӣ кард.

Шоирони халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ суханронӣ намуда, аз лаҳзаҳои ҳамкорӣ бо Неъматов Абдураҳим ёдовар шуданд.

Бимоҳрӯ Ҷӯрабойзода мудири бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарори ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи ба номи Неъматов Абдураҳим иваз кардани номи кӯчаи Гулистони ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба самъи ҳозирин расонид. Инчунин, нависанда, ҳаҷвнигор Ҷӯраев Абдуҳамид, шоир, драматург Ӯлмаси Хол, ҳаҷвнигор  Ҳамроқулов Ғайратҷон ба сухан баромада, аз хислатҳои хубу ибратбахши мавсуф ёдовар шуданд ва дар суҳбату суханрониҳо лаҳзаҳои ҷолибро аз зиндагиии Неъматов Абдураҳим ба хотир оварданд.

Пасовандони ин ҳунарманди маъруф ҳам дар поёни маҳфил сухане чанд гуфта, барои хотира дар ин рӯзи барояшон таърихиву мондагор бо шогирдону ҳамкорони падари бузургворашон аксҳо гирифтанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ