Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

05.05.2017. КОНФРОНСИ ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

Қаҳрамониву корнамоиҳои ҷанговарони ватандӯсти ҳар халқу миллат ҳамеша вирди забони ҳаммиллатону ҳаммеҳанонон аст. Захму доғи сӯзони Ҷанги бузурги ватанӣ, ки  72 сол аз он сипарӣ мешавад, ҳанӯз аз лавҳи дилу хотири шоҳидони зиндаи ин ҳодисаи таърихии мудҳиш зудуда нашудааст. Дар ин ҷанг ваҳдату ягонагии халқҳои шӯравӣ, муҳаббату ҷоннисориҳои аскарону афсарон ғалабаро бар фашизм таъмин кард.

Ҷашн гирифтани Иди Ғалаба ва ёдоварӣ аз ному корномаҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан - Модар дар ҳафтаи поси хотир на фақат барои шод кардани арвоҳи қаҳрамонон, балки баҳри тарбияи маънавиву ахлоқии насли наврасу ҷавони кишвар аст.

Бо ин мақсад санаи 5-уми май китобдорони китобхона-филиали №5 дар Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд конфронс доир карданд. Сароғоз, дар толор оҳанги суруди “ Катюша” садо дод ва дар порчаҳо аз кинофилмҳои давраи ҶБВ намоиш дода  шуд. Директори Коллеҷи мазкур Ғаффоров Ш. ҳозиринро бо иди Ғалаба табрик гуфта, донишҷӯёнро ба ватандӯстиву фидокорӣ даъват намуд. Ӯ пеш аз эълон кардани дақиқаи сукут  чунин гуфт:  “Ёди шаҳидони Ҷанги бузурги ватанӣ то абад дар хотири мо мемонад. Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд”!

Омӯзгори фанни забон ва адабиёт Усмонова М. дар бораи саҳми тоҷикону тоҷикистониён дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузорши ҷолиб карда, ёдовар шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ватандӯсту далеру ҷонфидо будан кам аст, бояд ҳушёриву бедории миллиро муҳимтарин вазифаи худ шуморем.

Баъд аз шунидани ин суханҳои таъсирбахш донишҷӯён шеъру сурудҳои ватандӯстона қироат намуда, бо завқу эҳсос слайди аз тарафи кормандони китобхона-филиал тамошо карда, ҳамзамон аз намоиши китобӣ ва матбуотӣ баҳравар гардиданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ