Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

08.05.2017. НАМОИШИ КИТОБӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҒАЛАБА

Ҳарчанд одамони замони мо бо баҳрагирӣ аз воситаҳои маърифатии муосир – тамошои слайд, филмҳои ҳуҷҷативу бадеӣ, филмҳои тасвирӣ, видео-наворҳо талаботи маънавияшро қонеъ гардонад ҳам, хуб медонанд, ки ин ҳама мавод дар заминаи асарҳои бадеӣ–китобҳои алоҳида таҳия шудаанду хондани китобҳо гоҳе роҳатбахштар аз тамошои филм аст.

Имрӯзҳо дар ҳар гӯшаву канори олам қавму миллатҳои таърихан ба Ҷанги бузурги ватанӣ алоқаманд талош бар он доранд, ки бо ҳар роҳу васила зарару хисороти ин ҳодисаи мудҳиши таърихиро пеши назари насли наврасу ҷавони сайёра нишон диҳанд ва дар дили мардум меҳру муҳаббат, одамиятро бипарваронанд. Кормандони Китобхонаи вилоятӣ низ дар ин самт бо баргузории чорабиниҳои соҳавӣ саҳми худро гузошта истодаанд.

Дар даромадгоҳи шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ китобдорон ба муносибати Рӯзи Ғалаба намоиши кушоди китобиву матбуотӣ ташкил карданд. Дар ин намоиш китобҳои таърихиву адабии ба ин мавзӯъ ихтисосдодашуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Китобҳои солҳои охир ба нашр расонидаи профессор, муаррих Усмонҷон Ғаффоров “Ҳодӣ Кенҷаев”, “Хистеварз дар солҳои 1941-1945”, ки ба намоиш гузошта шуд, пур аз факту далелҳои таърихӣ буда, хеле самимӣ таълиф гардида, эҳсоси ватандӯстиро дар дили хонанда бедор месозанд.

Ҳикояву очеркҳои дар китоби “Фидокорон”(Душанбе, 1982) гирдоваришуда, ки аз саҳифаҳои рӯзгори ҷангии ҷанговарони далеру шуҷоъи тоҷик баргирифта шудааст, дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Ба ин монанд китобҳои ҷолиби гуногун ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамчунин дар канори ин намоиш бо оҳанги мусиқии фораму дилнишин слайди инъикосгари майдони ҷангу корнамоии ҷанговарон, ҷашнҳои Ғалаба дар шаҳрҳои гуногуни давлатҳои собиқ ИҶШС бо иштироки собиқадорону шоҳидони зиндаи ин ҷанги хонумонсӯз тавассути телевизор ба маърази тамошо гузошта шуд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ