Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

12.05.2017. Намоиши китобӣ бахшида ба Рӯзи «Шашмақом»

Санаи 12-уми май бо ташаббуси кормандони шуъбаи санъати Китобхонаи вилоятӣ бахшида ба рӯзи «Шашмақом» намоиши китобӣ баргузор гардид. Дар ин намоиш китобҳои «Шашмақом ва назми форси тоҷикӣ»-и А. Низомӣ, «Шашмақом», «Донишномаи Шашмақом», «Баёзи Шашмақом», «Сурудҳои Ҷурабек Муродов», «Шашмақом дар қарни ХХ»-и Ҳакимов Н., «Ҷурабек Муродов»-и Шарифова М., «Шашмақом ва масоили инкишофи он», «Маком и фалак», «Олимақом» ва китобҳои дигар пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Хонандагону донишҷӯён бо китобҳои ба намоишгузошта шинос шуда, дар бораи китобҳои мазкур ибрози назар намуданд ва ба саволҳои худ аз китобдорони шуъбаи санъат посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ