Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

12.05.2017. РӮЗИ ОИЛА ДАР КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Санаи 12-уми май ба муносибати Рӯзи байналмилалии Оила дар толори хониши Китобхонаи вилоятӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Оини оиладорӣ» баргузор гадид. Чорабиниро директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром оғоз карда, сармуаллими кафедраи психологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ғоибов Камолиддинро ба иштирокчиён ошно кард. Қабл аз оғози чорабинӣ намоиши китобӣ баргузор гардид.

Саркитобдори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Дилрабо Акбарзода дар мавзӯи «Нақши оила дар ҷомеаи муосир» гузориши ҷолиберо ба самъи иштирокчиён расонид. Донишҷӯёни факултети педагогикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба мутахассис Ғоибов Камолиддин дар атрофи мавзӯи мизи мудаввар саволу ҷавоб, мубоҳиса барпо карданд. Иштирокчиён бо саволҳои  «Оилаи намунавӣ чи гуна бояд бошад?», «Нақши падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд чӣ гуна аст?», «Таъсири муҳити беруна дар таълим ва тарбияи фарзанд то чӣ андоза аст?»,  «Модар дар инкишофи зеҳнии кӯдак чӣ саҳм гузошта метавонад?», «Саҳми падар дар хонавода ҳамчун тарбиятгар чи гуна бояд арзёбӣ шавад?», «Хушунат дар оила аз чӣ сар мезанад?», «Баҳри пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон чӣ бояд кард?» ба сармуаллим Ғоибов Камолиддин ва китобдорони соҳибтаҷрибаву рӯзгордида сардори шуъбаи толори хониш Мирзоева Шараф, саркитобдори шуъбаи забонҳои хориҷӣ Амонова Муҳаббат муроҷиат карда, ҷавобҳои муфассал шуниданд.

Худи ҳамин рӯз бо ташаббуси китобдорони китобхона-филиали №1 шаҳри Хуҷанд дар Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ба ин муносибат маҳфили вохӯрӣ бо оилаҳои намунавии Исмоилов Раҳматҷон ва Абдумалик Раҳмонов баргузор гардид. Дар маҳфил директори Коллеҷи омӯзгорӣ Манучеҳра Кенҷазода, донишҷӯён Хидирова Шаҳноза, Усмонова Мафтуна бо суханронӣ, қироати суруду шеър ва иҷрои рақс ширкат карданд. Намояндагони оилаҳои намунавӣ дар бобати оиладорӣ, мушкилӣ ва роҳҳои ҳали он суҳбат карда, ба саволҳои донишҷӯён ҷавоб гуфтанд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ