15.05.2017. МАҲФИЛИИ МУАРРИФИИ КИТОБҲО ДОИР БА ТИББИ СУДӢ
Раиси Шӯрои дастурии Маркази экспертизаи тибби судии вилояти Суғд, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Ҷӯрабоев Абдураҳмон, ки 45 сол инҷониб фаъолияти илмию тахассусии босамар бурда истодаст, муаллифи чандин китоб ва садҳо мақолаҳои илмӣ мебошад. Олими номбурда соли ҷорӣ ду китоби судманди худро ба нашр расонд. Китоби аввал – «История судебно-медицинской экспретзы северного Таджикистана» ном дошта, таърихи 80-солаи тибби судии вилояти Суғдро фаро гирифтааст. Абдураҳмон Ҷӯрабоев китоби «Тибби судӣ»-ро, ки ба забони русӣ бо номи «Судебная медицина» низ чоп шудааст, бо ҳамқалами Ф.И. Ғаниев омода кардааст. Ин дастури таълимӣ ҳамагӣ аз даҳ мавзӯи муҳим иборат буда, дар ҳар як мавзӯъ ба таври муфассал масъалаҳои марбут ба тибби судӣ бо забони сода матраҳ гардидаанд.
Қабл аз оғози маҳфил иштирокчиён дар саҳни ошёнаи дуюм бо намоиши кушоди китобиву матбуотӣ, аз ҷумла бо китобҳои номбурдаи Абдураҳмон Ҷӯрабоев шинос шуда, дар атрофи мазмуни онҳо суҳбат карданд.
Сипас қисмати расмии чорабинӣ дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо намоиши слайде, ки фарогири лаҳзаҳои беҳтарини зиндагии Абдураҳмон Ҷӯрабоев буд, оғоз ёфт.
Дирекори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром меҳмонону иштирокдоронро ба китобхона хайрамақдам гуфта, онҳоро бо мақсади чорабинӣ ошно карда, чун анъана аз номи кормандони Китобхонаи вилоятӣ дастагулеро ба соҳибҷашн тақдим намуд.
Директори Маркази экспертизаи тибби судии Вазорати тандурустӣ Шарифов Шариф бо маърӯзаи «Устод ва табиби ҳақиқаткушо» баромад намуда, аз ҳамкории худ бо мавсуф изҳори қаноатмандӣ намуд. Номбурда, хизматҳои Абдураҳмон Ҷӯрабоевро ёдрас шуда, дар охири суҳбат Сипосномаи Раиси вилоти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба ӯ супорид.
Профессор, уролог ва андролог Тавфиқхон Қодирӣ дар мавзӯи «Табиби номвар дар арсаи дақиқкории тибби судӣ», устоди ДДҲБСТ Солиев Иброҳим, ба сухан баромада, дар тавсифи Абдураҳмон Ҷӯрабоев изҳори назар карда, барои вай саломатӣ ва тандурустии бардавомро таманно намуда, аз номи устодони ДДҲБСТ дастагулеро тақдим карданд.
Мудири шуъбаи амрози дарунии беморхонаи хусусии «Нур» Муҳиддинов Шавкат маърӯзаеро таҳти унвони «Инсони комил вамутахассиси соҳибном» ба самъи иштирокчиён расонида, шеъреро аз Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар васфи Абдураҳмон Ҷӯрабоев қироат кард.
Сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббии ичтимоии вилояти Суғд Одинаев Яҳёҷон дар мавзӯи «Андешаҳои ҳамкасб» суҳбат кард.
Дар навбати худ ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло суханронӣ намуда, соҳиби хислатҳои наҷиб, дар таълиму тарбияи фарзандону шогирдон масъулиятнок будани Абдураҳмон Ҷӯрабоевро таъкид, аз оилаи китобдӯсту бофарҳанг ба воя расидани эшонро ёдовар шуд.
Маҳфил бо суханронии инсони нексиришт ва олими наҷиб Абдураҳмон Ҷӯрабоев ба поён расид.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ