Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

22.05.2017 РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ БО ҶАЛБИ ҶАВОНОНИ СОЗАНДА

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 22-юми май дар толори Китобхонаи вилоятӣ маҳфили илмӣ-фарҳангии «Ҷавонон–созандагони фардои кишвар»  баргузор гашт.  Ҷавонони ба ин чорабинӣ ҷалбшуда аз намоиши китобӣ-матбуотӣ нахуст баҳравар гардида, ба толор ворид шуданд.  Бо баробари вуруди онҳо слайди «Ҷавонон–созандагон» ба намоиш гузошта шуд.

Баъд аз лаҳзаи фароғатӣ ҷавонону наврасон дар бораи ҷавонӣ шеърҳо қироат карданд.  Донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуваҳҳобзода Нуруллохон ва Холматова Рухшона дар мавзӯи «Ҷавонони эҷодкори даврони истиқлол», устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ-до Мақсудова Фирӯза  дар мавзӯи «Варзишгарони тоҷик–ифтихори миллат», Раҳмонова Фарангис донишҷӯи соли чоруми факултети забонҳои хориҷии донишгоҳи номбурда гузоришу баромад намуданд. 

Онҳо таъкид доштанд, ки имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳои рӯбатараққии ҷаҳони пешрафта асту дар ҳар соҳаву самт ҷавонон барои рушду равнақёбӣ ва гулгулшукуфии он саъю талош варзида истодаанд.

Овозхонони Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҷамшед Юсуфов, Ҷаҳонгир Холматов, Акмал Акрамӣ бо сурудҳои тозаоҳангбастаашон табъи ҷавононро болида  гардониданд. Аз сурудхонии онҳо ҷавонони толор бори дигар арзиши баланди фарҳангӣ доштани санъати овозхонии миллӣ ва имтиёзи онро аз фарҳангҳои қавму миллатҳои дигар дарк карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ