Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

14.02.2024 // КИТОБ- САРЧАШМАИ АҚЛУ ЗАКОВАТ

Ҳамасола дар қаламрави кишвари азизамон санаи 14-уми феврал ҳамчун Рӯзи тақдими китоб таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дӯстдорони китоб ва шавқмандони мутолиа ба дӯстону наздикон китоб ҳадя менамоянд.

Соли равон  дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва китобхона-филиалҳои он ба муносибати Рӯзи тақдими китоб намоиши китобию матбуотӣ ташкил ва ба маърази истифодаи хонандагон ва муроҷиаткунандагон қарор дода шуд.

Ҳамчунин кормандони китобхона-филиали №1 ба муасссисаҳои таълимии Гимназияи №24 ва Кӯдакистонҳои №31 ва 32-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда бо хонандагон ва кӯдакони кӯдакистонҳо суҳбат гузарониданд. Хонандагон дар рафти суҳбат шеъру афсонаҳо дар васфи Ватан, Модар,  Тоҷикистон, Истиқлолият қироат намуданд ва дар ин рӯз шоду масрур буданд. Дар интиҳои суҳбат китобдорони китобхона-филиал ба онҳо китобчаҳои бадеӣ ҳадя намуданд.

Илова бар ин китобдорони китобхона-филиали № 6 низ дар ин  рӯз ба муасссиаҳои таълимии №19 ва №23-и шаҳр ташриф оварда бо хонандагон вохурӣ ва суҳбат анҷом доданд. Дар ин рӯз аз тарафи китобдорон ба хонандагон китобҳои бадеӣ ҳадя карда шуд.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
 ва такмили ихтисос