14.02.2024 // ДЕҲҚОНИ СОҲИБМАКТАБ
Абдуғафур Самадов соли 16-уми феврали соли 1909 дар деҳаи Ғӯлакандози райони Пролетар (ҳозира ноҳияи Ҷаббор Расулов) -и вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таваллуд ёфтаанд.
Номбурда пахтакори номдор буда, дукарата Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ 1957, 1979, Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон соли 1947, Аъзои КПСС аз соли 1940, Иштирокчии ҶБВ мебошад.
Солҳои 1928 -1932 ҳамчун коргари «Дипварзинстрой» -и райони Бекободи РСС –и Ӯзбекистон, солҳои 1932-1935 колхозчии колхози ба номи М.И. Капинин, солҳои 1939-1942 раиси провпесия ҷамъияти матбуот ва аз соли 1945 раиси колхози ба номи В.И. Ленини райони Пролетар(ҳозира ноҳияи Ҷаббор Расулов) буд.
Колхозе, ки беш аз 40 сол Абдуғафур Самадов роҳбарӣ мекард яке аз хоҷагиҳои пешқадам ва калонтарини Ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта дорои 22 шуъба ва 114 бригада буд. Абдуғафур Самадов иштирокчии Съезди 23-юми КПСС мебошад. Номбурда дар Съезди 1014-уми ПК Тоҷикистон аъзои КМПК Тоҷикистон интихоб шудааст.
Талошу заҳматҳои шабонарӯзии ӯ ба инобат гирифта бо Ордени Ленин, Ордени Ревалютсияи Октябр, 3 ордени Байрақи сурхи меҳнат, медалҳо граммотаҳои фахрии Президиумии Советии Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ба муносибати 115-солагии ин марди пурҳунар ва деҳқони асил санаи 14-феврали соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи техникӣ ва кишоварзӣ дар шуъба суҳбат таҳти унвони «Деҳқони соҳибмактаб» бо иштироки донишҷӯён ва кормандони китобхона ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти суҳбат сардори шуъба Дадобоева Зайнура дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шахси бузург ба ҳозирин маълумот дод. Инчунин корманди шуъбаи мазкур Қаюмова Фирӯза 8 нусха китобҳои ба мавзӯъ бахшидашударо ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Инчунин дар ҷамъомад порча аз филми дакументалӣ, ки дар бораи фаъолияти ин Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ наворбардорӣ гардидааст пешкаши иштирокдорон гардид.
Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос