Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

05.02.2024 // ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН

Дар асоси навиштани барнома  компютер, техникаву технологияи сифатан нав  ва дигар афзори истеҳсоливу маишӣ  ин ё он амалро иҷро мекунад. Фаъолияти таҷҳизотҳои нисбатан навихтирогардида аз барномаи ба он насбшуда вобастагӣ доранд ва амалеро бо фармони он барнома иҷро менамоянд. Бояд гуфт, ки нахустин барномаҳои компютериро математикон ва таҳиягарони мантиқ ба вуҷуд овардаанд.

Барнома  худ  маҷмӯи маълумотҳо ва амрҳое  мебошад, ки барои кор кардани ҳисобмошинҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти компютерӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилҳоҳ, аз ҷумла маводди омодасозӣ, ки дар рафти таҳияи барнома барои  компютер ба даст оварда шудаасту барои ҳосил кардани садо ва тасвирот имкон медиҳад, таъйин шудааст. Аксар вақт тимсоли барнома дар шакли модули иҷрошаванда (файли алоҳида ё гурӯҳи файлҳо) нигоҳ дошта мешавад. Аз ин тимсол, ки одатан, дар диск ҷой мегирад, барномаи иҷрошаванда дар хотираи оперативӣ бо корандози барномавӣ таҳия мегардад. Дар барномасозии системавӣ барномаҳо чун маълумотҳо ва рамзҳои мошинӣ ифода карда мешаванд, ки протсессор барои иҷрои ягон кор амалӣ месозад. Дар ин маврид ду хусусият зоҳир мешавад: воқеъ гаштани барнома дар хотирот ва иҷроиши он аз ҷониби протсессор.

Раванди коркарди таъминоти барномавӣ аз якчанд марҳилаҳо иборат мебошад, ки танҳо таҳия кардани рамзи барномавӣ барномасозӣ номида мешавад. Одатан, аксар вақт барномасозӣ гуфта тамоми коркарди таъминоти барномавиро мефаҳманд. Одамонеро, ки бо таъминоти барномавӣ машғуланд, барномасоз (таҳиягари барнома) меноманд. Баъзе забонҳои барномасозӣ бе компилятсияи пешакии барнома истифода гардида, ба рамзи мошинии дастури он бевосита дар вақти иҷроиш интиқол мекунанд. Матнҳои ибтидоии барномаҳои компютерӣ дар аксар забонҳои барномасозӣ аз рӯйхатти дастурҳое иборатанд, ки алгоритми воридшударо саҳеҳ тавсиф медиҳанд. Чунин усули барномасозӣ императивӣ номида мешавад.  Аммо дигар методологияҳои барномасозӣ низ истифода мешаванд.

Ба муносибати Рўзи умумиҷаҳонии барномасозон санаи 5 -уми феврали соли 2024 бо ташаббуси кормандони шуъбаи техникӣ ва кишоварзии китобхона намоиши китобӣ таҳти унвони «Ҳамқадами замон бошем»  ташкил карда шуд, ки аз он хонандагон ва истифодабарандагони китобҳои шуъба ва китобхона истифода намуданд. Дар рафти намоиш корманди шуъба Каюмова Фирӯза ба иштирокдорони намоиш  дар бораи барномасозон маълумоти муфассал дод ва китобҳои намоишро муаррифӣ намуд.

                                                                         Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос