Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

16.01.2024 // ЗУКОМ - БЕМОРИИ КӮТОҲ ВА ПУРАСОРАТ

Зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас буда, барангезандааш вирус ба ҳисоб меравад. То ҳол олимони соҳаи тандурустӣ зиёда аз 2000 навъи вируси зукомро муайян кардаанд. Аз рӯйи маълумотҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол зуком дар ҷаҳон боиси ба бемориҳои вазнин дучор шудани 3-5 миллион нафар мегардад. Бештари вақт ба ин беморӣ кӯдакону пиронсолон, ки масъунияти паст, яъне имунитети заиф доранд, гирифтор мешаванд.

Ин беморӣ дар ҳар як мавcим метавонад ба одамон таъсири худро расонад.  Бинобар гуфти мутахассисони соҳа, аломатҳои зуком ин сустии умумии бадан, дарди сар, арақкунӣ, таби баланд, беҳолӣ, бемадории умумии бадан, рафтани оби бинӣ ва сулфа дар бемор мебошад.

Ба гуфти олимон «дар фасли баҳор ва дар фасли зимистон системаи организми инсон ба масъуният, яъне иммунитет талаботи зиёд дорад. Дар ин ҳолат инсон метавонад аз микроэлементҳое, ки дар таркиби меваю сабзавот мавҷуд аст, зиёд истифода барад.

Гуфтан зарур аст, ки табиати кишвари мо саршор аз сарватҳои табиӣ, растаниҳои нодир ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ мебошад, ки метавон бо он ҳаргуна маҳлулҳо омода намуд.

Ба муносибати пешгирӣ аз ин беморӣ ва шинос намудани хонандагон ба маълумотҳои дар бораи ин беморӣ нашргардида  санаи 16-уми январи соли ҷорӣ дар шуъбаи тиббии китобхона намоиши китобӣ  таҳти лавҳаи «Бемории кӯтоҳ  ва пурасорат» ташкил ва мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шуд. Дар намоиш 21 нусха китобҳои ба мавзӯ бахшидашуда аз тарафи корманди шуъба Ҷӯраева Шаҳодат барои ташрифоварандагон муаррифӣ гардид.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос