Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ТАШКИЛИ НАМОИШҲОИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА ДАР ШУЪБАҲОИ КИТОБХОНА

Бо мақсади ҷалби бештари хонандагону муроҷиаткунандагон ба китобхониву китобхона  дар соли равон аз тарафи шуъбаҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоишҳои доимоамалкунандаи китобиву матбуотӣ ташкил гардид, ки хонандагон метавонанд аз он бемамоният истифода намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ, ки аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрўза ба шумор меравад, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳояшон аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанўз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст.
Қабул ва амалисозии ин санадҳо яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор мераванд, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатӣ дар ин самтро асос гузоштанд. Гузашта аз ин, асоси ташкилӣ-ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омўзишӣ – таблиғотӣ дошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад.

Дар доираи эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониш аз тарафи кормандони шуъба намоиши китобии доимоамалкунанда зери сарлавҳаи «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон-асоси таҳкими давлати ҳуқуқбунёд» ташкил шуд
Дар намоиш зиёда аз 40 номгӯ китобҳои вобаста ба мавзуъ мавриди  истифодаи хонандагон ва муроҷиаткунандагон қарор гирифт.

Дар баробари ба тавсиб расидани фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» дар соли 2024 аз ҷониби кормандони шуъбаи санъат ва варзиш бо теъдоди зиёда аз 30 номгӯ китобҳои ба мавзуъ бахшидашуда таҳти унвони «Меҳри Ватан ҳамеша дар дилу маъвои мост»  намоиши доимоамалкунада ташкил ва барои истифодаи хонандагон пешниҳод гардид.
Ҳамчунин дар ошёнаи дуюм, дар толори махсуси «Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст»  аз ҷониби масъулони шуъба низ бо теъдоди 16 нусха  китобҳо таҳти унвони «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  гўшаи тарғиботии доимоамалкунанда ташкил карда шудааст. Китобҳои дар гўшаи тарғиботӣ гузошташуда ба наминатсияҳои озмун ҷавобгў буда, ҳамарўза иштирокчиён ва муроҷиаткунандагон метавонанд  аз он истифода намоянд.  

Ҳамарӯза ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати мамлакатамон ба руш­ди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тар­ғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳост равона гардидааст. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ намудҳои зиёди варзиш, аз қабили футбол, волейбол, баскетбол, варзиши сабук, тенниси рӯйи миз, шиноварӣ, камон­ва­рӣ, велоси­пед­ронӣ, заврақронӣ, гимнастика, вазнбардорӣ, куштӣ, шоҳмот, шашка, шамшер­бо­зӣ ба маром рӯ ба инкишоф овардааст.

Бо мақсади тарғиби адабиёти соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасони варзишгар ба ба олами рангини китоб санаи 12-уми январи соли 2024 аз ҷониби кормандони шуъбаи санъат ва варзиш бо теъдоди зиёда аз 36-нусха китобҳо таҳти унвони «Варзиш калиди солимии ҷомеа» гўшаи тарғиботию ташвиқотии доимоамалкунанда ташкил карда шуд. Дар намоиши китобии мазкур  китобҳо  ба се забон тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ ба хонандагон дастрас аст.
Дар доираи иҷрои барномаи давлатӣ «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030»  дар шуъбаи китобҳои хориҷӣ намоиши китобӣ ва гӯшаи тарғиботии доимоамалкунанда таҳти унвони «Забон калиди дониш ва маърифат аст» ташкил ва пешкаши истифодабарандагон гардонида шуд.
Саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегияи рушди миллӣ ба шумор меравад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ, ки санаи 21-уми декабри соли 2021  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд ва аз рӯи ин иқдом имрӯзҳо ватани азизамон ба давлати дорои иқтидори саноатӣ табдил ёфта истодааст.
 Соли равон низ ба ҳамин муносибат дар  шуъбаи техникӣ ва кишоварзии китобхона намоиши китобии доимоамалкунанда таҳти унвони «Солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», ки фарогири зиёда аз  30 нусха адабиёт аст ташкил ва барои истифодаи хонандагон пешниҳод гардид. Дар намоиш китобҳо доир ба саноати сабук ва вазнин ба монанди саноати коркарди гуштию ширӣ, коркарди консервакунонии меваю сабзавот, коркарди атласу адрас, ва инчунин таъмири мошин  ва ғайраҳо гузошта шуд.

 

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос