Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

05.01.2024 // СУХАНВАРИ МУМТОЗ

(бахшида ба 95-солагии шоир ва тарҷумон Ғаффор Мирзо)

Ба муносибати 95-солагии шоир ва тарҷумон Ғаффор Мирзо санаи 5-уми январи соли 2024  аз ҷониби кормандони шуъбаи хизматрасонӣ  Шарипова Каромат ва Ахмедова Аниса дар шуъба таҳти унвони «Суханвари мумтоз» намоиши кушоди китобӣ ташкил гардид, ки аз он хонандагони шуъба ва муроҷиаткунандагони китобхона истифода намуданд.  
Бояд зикр кард, ки Ғаффор Мирзо асосан шоири мушаххасгӯй мазмунсаро буда, аксари ашъораш маърифатию таълимӣ мебошад. Ғаффор Мирзо бо таълифи маҷмуаҳои «Санговдавак», «Баррача рӯяд аз замин», «Як тӯҳфаи майдекак» «Чилдухтарон», «Гунҷишкак», «Досатак» ва ғайраҳо, ки  асарҳои дӯстдоштаи бачаҳоянд, дар ташаккулу рушди назми хурдсолони тоҷик нақши арзанда гузоштааст. Аксари маҷмӯаҳои Ғаффор Мирзо ба забони русӣ ва баъзе асарҳояш ба забони украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, қирғизӣ,туркманӣ, арманӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудааст.

Ғаффор Мирзо шеъру достонҳои А.С.Пушкин, Н.Некрасов, В.Маяковский, А.Твардовский, Н.Тихонов, Ш. Петефи, Н. Ҳикмат ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст ва барои хонандаи тоҷик асарҳои тарҷумавӣ низ ба миён овардааст.
Дар намоиши китобии ташкилшуда  26- нусха  китобҳои шоир ба  се забон мавриди истифодаи хонандагон гузошта шуда, дар давоми ҳафта кормандон китобҳоро  ба истифодабарандагони шуъба муаррифӣ намуданд.
Шоир ва тарҷумони пурмаҳорат ва дӯстдори хонандагон  Ғаффор Мирзо аз соли 1952  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда,  унвондори «Шоири халқии Тоҷикистон» мебошад.

Шуъбаи ташкилу назорати
фаъолияти китобдорӣ
ва такмили ихтисос