28.08.2023 // ФАРОГИРИИ КИТОБДОРОН БА ТАКМИЛИ ИХТИСОС аз 21.08.2023 то 26.08.2023
Китобдорӣ дар кишвари мо касби бостонӣ буда, китобдории навин илми тозаест ва бештар барои китобдорони мутахассис маъно ва мафҳуми соҳавӣ дорад, ба ҳамин далел мардуми оддӣ ва ҳатто устодону мухаққиқон аз илми китобдории навин огоҳии басандае надоранд. Воқеан, таърихи китобдории кишвари мо аз таърихи китобхонаҳои дигар кишварҳо қадимимтар аст, ки имрўз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтаанд.
«Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангӣ, нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотиро таъмин менамояд.
Китобхонаи миллӣ бузургтарин махзани дастхатҳо, нашрияҳои чопӣ ва адабиёти бадеии полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Воҳидҳои асосии сохтории Китобхона 36 шуъбаи махсус ва 4 марказ маҳсуб меёбанд, ки кори онҳо дар тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ ва библиографӣ ба роҳ монда шудааст.
Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2012 тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30-юми октябри соли 2012 таҳти № АУ- 00011 ва дар асоси «Оиннома», «Низомнома», «Дастурамал»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» фаъолият менамояд.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти марказ аз такмили дониши кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳамаи китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, тавассути ташкили курсҳои сайёри такмили ихтисос ва семинарҳои таълимӣ ба роҳ мемонад. иборат мебошад.
Масъулини Маркази мазкур дар ҳамкорӣ бо маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ тасмим гирифтанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи касбии китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд курсҳои кўтоҳмуддати сайёри «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ»-и такмили ихтисосро баргузор созанд.
Бо ин мақсад муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Гадобек, сардори маркази таҳсилоти иловагӣ ва инноватсияҳо Муҳаммадиқбол Атозода ва муовини сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёқубҷон Бобохонов санаҳои 21-ум то 26-уми август оид ба навгониҳои соҳаи китобдорӣ, равандҳои автоматикунонӣ дар низоми китобдорӣ, ташкил ва истифодаи китобхонаҳои электронӣ, ташкили махзани электронии матбуоти даврӣ ва усулҳои нигоҳдоштӣ махзани электронӣ бо истифода аз слайду гузоришҳо маърўза намуданд.
Дар курсҳои такмили ихтисос беш аз 54 нафар китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолона ширкат намуда, дар ҷамъбасти он соҳиби сертификат шуданд.