Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

15.08.2023 // «ИНЪИКОСИ ПИРЯХҲО ДАР ОСОРИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН»

Пирях тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад.

Он яке аз боигариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзамини кишвар ба шумор меравад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи кишвари мо наздик 13 ҳазор пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии он 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб шаш дарсади сатҳи ҷумҳуриро дарбар мегирад.

Пиряхҳо асосан дар шимолу ғарби Помир ва куҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Аксари онҳо дар баландиҳои аз 3000 то 5300 метр аз сатҳи баҳр ҷой доранд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи оби мусаффо мебошад, ки истифодаи оқилонаи он имкон медиҳад ҷумҳурӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Имрӯз диққати аҳли ҷомеаро ҳалли  масъалаҳои оби тоза ба худ ҷалб намудааст. Хабари навбатие, ки миллати тоҷикро хушҳол кард, ин бевосита  аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қабул гардидани  ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бо пешниҳоди сарвари давлати мо Қатъномаи «2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул гардид. Рӯйдоди муҳиму таърихӣ арзёбӣ шудани қабули Қатъномаи мазкур, яъне ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри  соли 2022) низ, сабаб дорад. Зеро тибқи ин қатънома, дар таърихи СММ бори аввал аст, ки як рӯзи алоҳида - Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.

Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Ин эътироф, дарвоқеъ эътирофи нуфузи байналмилалӣ ва эътибори баланди сиёсии Пешвои тоҷикон ба шумор меравад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 мебошад, ки аз 3  майи соли 2010 тасдиқ шудааст. Дар ин барнома ҳадафҳои созанда ва муқаррарот ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи дақиқе, чун Рӯзи ҳифзи пиряхҳо ҷой доранд.

Санаи 15-уми  августи соли ҷорӣ ба ифтихори эълон гаштани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ибтикори садорати Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму адаб ва фарҳангчиёни вилоят ифтитоҳи намоиши нигораҳо таҳти унвони «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» баргузор гардид, ки кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ низ иштирок доштанд.

Дар оғози намоиш Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуд, ки куҳҳои осмонбӯси Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги пиряхҳо буда, пиряхҳо дар навбати худ чун захираи дарозмуддати об ва танзимкунандаи табиии ҷараёни дарёҳо буда, яке аз боигариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзамини зебоямон ба ҳисоб мераванд.

 Дар идома директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мансур Бойматов доир ба баргузории намоишгоҳ ва мақсади ташкили он  суханронӣ намуда, барои ташкили ин намоиш ба ташаббускорон ва масъулони Осорхонаи миллии ТоҶикистон миннатдории аҳли фарҳангчиёнро  расонид.

Солибой Ҳасанов профессори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров» вобаста ба дастовардҳои рассомони Ҷавон суханрони намуда, иброз дошт, ки инъикоси табиати зебои Тоҷикистон дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва  меҳру муҳаббат ба Ватанро нақши бориз мегузорад.

Сипас ходими давлатию Ҷамъиятӣ устоди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров», Абдуҳаким Шарипов бо буридани лентаи рамзии намоиш ҳамагонро ба толор даъват намуданд.

Дар намоиш 19 адад асар аз офаридаҳои мусаввирони кишвар ва 38 адад экспонатҳо аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шуд. Намоиши «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд то 5-уми сентябри соли равон идома меёбад.

 

                                           Шуъбаи табъу нашри китобхона