Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

20.07.2023 // ВАССОФИ РАНГҲОИ ЗИНДАГӢ

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Аҳмадҷони Раҳматзод ҳамчун фарзанди ҳамин замону даврон сарояндаи ашъорест, ки дар онҳо оҳангҳои ватандўстона мақоми аввал доранд ва хонандаро дар руҳияи ватандўстӣ ва беҳтарин ахлоқи писандида тарбия менамоянд.

Воқеан, Аҳмадҷони Раҳматзод дар эҷоди шеър аз оғози эҷод ба комёбиҳо ноил гардида, имрўз чун шоири соҳибсабк шинохта шуд. Бардоштҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ҳунар ва маҳорати нигарондагӣ, ҷаҳонбинӣ ба шоир имкон доданд, ки зимни эҷоди тасвироти хеш ҳақиқати бартар аз худи шеър, воқеият ва асолати шеърро ташхис диҳад. Маҳз истеъдоди фитрии шоир маҳбубияти ўро миёни хонандагон боло бардошт ва имрўз ин шоири маҳбуб дар рушди адабиёти муосири мо ва тарбияи насли ҷавони он саҳми бориз дорад.

Ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири тасвиргару боистеъдод Аҳмадҷони Раҳматзод, масъулини шуъбаи матбуоти даврӣ  санаи 20-уми июли соли равон дар даромадгоҳи шуъба силсиланамоиши матбуотӣ таҳти унвони «Вассофи рангҳои зиндагӣ» омода намуда, мақолаҳои дар рўзномаву маҷаллаҳо ба ин муносибат нашргардидаро пешкаши хонандагон гардониданд.

Шуъбаи табъу нашри китобхона