Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

18.05.2023 // Маҳфили рўнамоии романҳои тозанашр

Санаи 18-уми майи соли 2023 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили рўнамоии романҳои тозанашри «Қасами Гиппократ» ва «Қарз»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устод Маъруф Бобоҷон баргузор гардид. Аз тарафи кормандони китобхона дар долони ошёнаи дуюм намоиши китобӣ-матбуотӣ таҳти унвони “Тасвиргари розҳои зиндагӣ”, ки фарогири маҳсули эҷоди устод Маъруф Бобоҷон ва асару мақолаҳои ба зиндагӣ ва осори ӯ бахшидашуда буд  мавриди  намоиш гузошта қарор дода шуд.

“Қасами Гиппократ” романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон зиндагии  пурпечутоби ҳамзамонони моро дар мисоли фаъолият ва зиндагии оилаи табибон - Давлатзодаҳоро дарбар гирифтааст. Мутолиаи роман хонандаро ба дарки мафҳумҳои муносибатҳои оилавӣ, некию накўкорӣ, шинохти қадри инсон, эҳтироми волидайн, садоқат  ба пешаи интихобнамуда,  инчунин ногузир будани подоши амал раҳнамун месозад.

Романи “Қарз” баъди романҳои “Умеди вопасин”, “Фурўғи ишқ” ва “Қасами Гиппократ” чорумин асари калонҳаҷми адиб мебошад. Ин роман аз қарзи инсонӣ, қарзи фарзандӣ ва қарзи волидону пайвандон дар як оила қисса мекунад.

Дар маҳфил меҳмонон аз пойтахти кишварамон Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимзода, шоир Акбар Абдулло, нависанда Додохони Эгамзод, рўзноманигор ва  шоираи шинохта Сурайё Ҳакимова, нависанда Матлуба Ёрмирзоева иштирок доштанд.

Чорабиниро доктори илмҳои филологӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд ва  перомуни муҳтаво ва ғояҳои романи тозанашри  «Қарз» ибрози назар  намуд.

Дар рафти маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессор Замирахон Ӯлмасзода доир ба “Тасвири ҳаёти иҷтимоии мардум дар романи «Қасами Гиппократ» баромад намуда, сюжаҳо ва тасвирҳои пуробуранги нависандаро ба аҳли нишаст мисол овард. Порчаҳои ҷаззоби романро ба иштирокдорони ҳамоиш нақл намуд.

Ҳамчунин номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов аз коргоҳи эҷодии нависанда ва фаъолияти пурсамари Маъруф Бобоҷон ёдоварӣ намуд.

Унвонҷўи кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Бобоҷон Қурбонов доир ба мавзӯи “Ҷанбаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дар осори адиб” ба аҳли толор маърӯза кард.

Дар фарҷом Маъруф Бобоҷон ба аҳли нишаст, ташкилкунандагон, садорат ва кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва Иттифоқи нависандагони вилоят миннатдории худро баён намуда, барои ташкили чунин як ҳамоиши бошукӯҳ изҳори сипос хонд.

 

Шуъбаи табъу нашри китобхона