13.04.2023 // КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КИТОБДОРОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ ОММАВИИ БА НОМИ ТОШХОҶА АСИРӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи навини мамлакат, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Бо мақсади такмили донишҳои соҳавии кормандони китобхона дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз санаи 10-уми апрел то 5-уми майи соли 2023 курси такмили ихтисос барои мутахассисони ҷавону навомӯз аз рӯи мавзӯҳои «Тарзи омодасози нақша ва ҳисобот дар китобхона», «Воридшавӣ, коркард ва услубҳои истифодабарии таснифоти китобхонавӣ», «Феҳрастҳои китобхонавӣ: вазифаҳои феҳрастнигор ва қоидаҳои истифодаи феҳрастҳо», «Роҳу усули истифодаи сарчашмаҳои библиографӣ», «Ташкил ва самаранокии чорабиниҳои оммавӣ дар китобхонаҳо», «Истифодаи барномаҳои китобхонавии электронӣ ва таҷҳизоти муосир дар фаъолияти китобхонаҳо» ҷараён дорад, ки мақсад аз он таълими асосҳои дониши касбӣ, барои шунавандагон, муносибгардонии раванди омӯзиши хусусиятҳои фаъолияти китобхона ва шаклу усулҳои муосири кор бо истифодабарандагон мебошад.
Устодон ва кормандони соҳибтаҷриба, ки раванди омодагии курси бозомӯзӣ ва баргузории машғулиятҳои бар дӯш гирифтанд, ҳангоми дарсҳо аз таҷҳизоти техникӣ, аз қабили компютер, ноутбук, барномаҳову намоишҳои электронӣ, слайдҳо, китобҳову дастурҳои электронӣ, феҳристҳо, ҷадвалҳо ва аёниятҳои гуногунро истифода менамоянд.
Машғулиятҳои омӯзишӣ аз ду бахш–назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар қисмати дуюми он дониши азбаркардаи шунавандагон бо саволномаҳо, тестҳо, корҳои хаттию эҷодӣ, пурсишҳои шифоҳӣ санҷида мешавад.
Баргузории курсҳои такмили ихтисос воситаи хубе мебошанд, ки китобдорон дониши худро такмил дода, минбаъд аз таҷрибаи устодон ва ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ самаранок истифода мебаранд.
Дар ин давраи омӯзишӣ устодон ва таҷрибадорони соҳаи китобдорӣ раванди дарсиро бо усулҳои муосир ба роҳ монда, ҷиҳати азхуд намудани шунавандагон бо донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии ташкили хизматрасонӣ дар китобхона, омӯзиши равандҳои асосии технологии китобдорӣ, таъмини рушди касбии китобдорон дар заминаи технологияҳои китобдорӣ-иттилоотӣ вобаста ба талаботи нави касби китобдорӣ саъю талош доранд.
Ҳамин гуна, курси бозомӯзиро дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ 60 нафар фаро мегиранд. Минбаъд ин таҷриба дар тамоми китобхонаҳои низоми фарҳанги шаҳру навоҳии вилояти Суғд амалӣ гардида, мутахассисони ботаҷрибаи Китобхонаи вилоятӣ барои баргузор кардани курсҳои сайёри такмили ихтисоси китобдорону китобшиносон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.