12.04.2023 // НАМОИШИ КИТОБӢ- МАТБУОТӢ ЗЕРИ САРЛАВҲАИ «РАВШАНГАРИ БУЗУРГИ ТАЪРИХ ВА АДАБ» БА МУНОСИБАТИ 145-СОЛАГИИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Сардафтари адабиёти тоҷик устод Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ санаи 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфта, айёми бачагиашро дар миёни аҳли заҳмат сипарӣ намудааст.
Баъди вафоти падару модараш, ба сахтию маҳрумиятҳои бардавоми зиндагӣ нигоҳ накарда, соли 1890 бо нияти таҳсил дар мадраса, ба Бухоро меояд. Баъди хатми мадраса фаъолияти адабию ҷамьиятии худро ба ҷараёни маорифпарварӣ марбут сохта, дар таъсиси мактабҳои усули нав ва ислоҳ таълиму тадрис ширкат варзидааст.
Дар даврони ҷанги якуми ҷаҳон (1914-1918) таъқиботи ҳукумати амирӣ қувват гирифта, бисёр одамони донишманд аз Бухоро фирор кардаанд. Устод Айнӣ ҳам ба Қизилтеппа рафта, чанде дар заводи пахта кор кардааст. Баъди баргашт ба Бухоро бештар ба масъалаҳои сиёсӣ дахолат намудааст.
Моҳи апрели соли 1917 устод Айнӣ аз тарафи одамони амир дастгир ва бо 75 дарра муҷозот шудааст. Ҷисми беҷонашро дар ҳолати абгорӣ аскарони рус аз зиндон халос карда, ба Когон овардаанд. Қариб ду моҳ дар беморхона табобат ёфта, 3 июни ҳамон сол Самарқанд рафта ва ин шаҳрро иқоматгоҳи доимӣ қарор додааст. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро ба ӯҳда дошт. Соли 1934 бошад, дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Устод Айнӣ соли 1940 сазовори унвони фахрии Ходими хидматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон ва соли 1943 шоистаи унвони ифтихории Ходими хизматнишондодаи илми РСС Ӯзбекистон гардидааст. Соли 1943 боз ба узвияти фахрии Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон пазируфта шуда, соли 1948 Шӯрои илмии Университети давлатии Ленинград ӯро сазовори унвони баланди илмии доктори илми филология донистаанд. Ва соли 1951 академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Осори адабии устод Айнӣ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Асарҳои устод «Дохунда», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Мактаби кӯҳна», «Марги судхӯр», «Ғуломон», «Ятим» ва ғайра аз беҳтарин офаридаҳои ӯ мебошад.
Соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устод Садриддин Айнӣ унвони олӣ- аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Устод Садриддин Айнӣ санаи 15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст ва марқади шарифаш дар «Боғи Айнӣ» ( шаҳри Душанбе) қарор дорад.
Дар таърихи адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо таълифи асарҳои илмию бадеӣ мақому мартабаи баландро ҳосил намуда, дар ин арса мактаби адабии хешро таъсис дод. Аз мактаби эҷодии Садриддин Айнӣ як зумра адибони хушсалиқа ва соҳибмаҳорат ба майдони адабиёт қадам гузоштанд, ки осори таълифнамудаашон ба манфиати халқу миллати тоҷик, инчунин, олам нигаронида шудааст. Акнун мо бояд таърихи халқамонро вобаста ба таҳкими пояҳои ин истиқлол таҳқиқ намуда, мукаммалтар омӯзем. Дар ин ҷода асарҳои устод Садриддин Айнӣ ба ҷойи аввал мебароянд. Асарҳои Садриддин Айнӣ хазинаи бебаҳои донишу таҷрибаи мардуми соҳибтамаддуни мо буда, моҳиятан мазмуни соҳибифтихор будан аз қавми тоҷик, худшиносии миллӣ ва ватанхоҳиро доро мебошанд. Омӯзиши асарҳои устод дар рӯзҳои мо имкон медиҳад, ки ҷавононро дар руҳияи ифтихор аз Тоҷикистон ва худшиносии миллӣ тарбия кунем ва эшонро аз калавидан ба ҷониби ҳаракатҳои сиёсии иртиҷоӣ боздорем.
Дар доираи чорабиниҳои ба муносибати 145-солагии устод Садриддин Айнӣ санаи 12 апрели соли равон дар долони ошёнаи дуюми китобхона аз тарафи шуъбаҳои хизматрасонӣ ва китобхона-филиалҳо намоишҳои китобӣ-матбуотӣ зери сарлавҳаи «Равшангари бузурги таърих ва адаб» ташкил намуда, ба маърази истифодабарандагони китобхона гардонида шуд.
Ҳамзамон дар монитори китобхона намоиши филми ҳуҷҷатӣ доир ба зиндагиномаи устод ба намоиш гузошта шуд.
Мақсади ташкили намоиш ин аст, ки дар воқеъ, устод Садриддин Айнӣ яке аз парчамдорони фарҳанги пурғановати миллӣ, равшангари таърихи шарафманду ҷоннисори Ватану миллати бузургамон буда, месазад аз номи пурифтихору мероси мондагори ӯ фахрему нозем, ёдовар шавем ва илҳом бардорем.
Шуъбаи табъу нашри китобхона