Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

05.04.2023 // Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхона-филиали №6 таҳти унвони «Китоб-манбаи маърифат»

Имрӯз тарбияи насли наврас дар рӯҳияи бунёдкориву созандагӣ, ҳисси эҳтиром ба халқу миллат, мероси ниёгон, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, шавқу раuбати онҳо ба донишомӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Бе фарҳанги воло, ки ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат аз он сарчашма мегирад, тасаввур кардани ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоламон имконнопазир аст. Хоса, фарҳанги китобдорӣ ва китобхонӣ, ки пешрафту тараққии ҳамаҷонибаи мамлакат ба он иртибот дорад, бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта бошад. Зеро дар инкишофи фарҳангу маърифати ҷомеа, ба вижа тарuиби кӯдакону наврасон ба ахлоқу одоби инсонӣ  таъсири адабиёти бадеӣ мавқеи махсусеро дорост.

Ба муносибати Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» бо ташаббуси китобдорони китобхона-филиали №6 санаи 5-уми апрел дар МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорону хонандагони синфи 4-ум бахшида ба 145-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ суҳбат доираи эҷодиёти нависанда таҳти унвони «Китоб-манбаи маърифат» баргузор гардид.

Ҳамчунин китобдори китобхонаи мазкур Ёқубова Гавҳар китобҳои Садриддин Айниро ба монанди Мактаби кӯҳна, Дохунда, Ятим, Аҳмади девбанд, Ҷаллодони Бухороро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар доираи зиндагиномаи нависанда саволу ҷавоб намуданд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабинӣ боз ҳам зиёд кардани ишқу алоқаи кӯдакону наврасон ба китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ-фарҳангии онҳо мебошад, зеро

Ҳар он миллат, ки устодаш китоб аст,
Дилаш равшан ба мисли офтоб аст.