03.04.2023 // Намоиши китобию матбуотӣ ба муносибати Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»
Бо ибтикори кормандони шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхона ба муносибати Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Китоб – раҳнамо ба олами дониш» санаи 3-юми апрел дар саҳни ошёнаи дуюми китобхона намоиши китобию матбуотӣ ташкил карда шуд, ки дар он осори адибону нависандагони бачагона ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар намоиш китобҳои чистону латифаҳо ва ҳикояву афсонаҳо, олами ҳайвонот, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни кӯдакона диққати хонандагони китобхонаро ба худ ҷалб намуда, кӯдакону наврасон аз он дар давоми ҳафта дидан менамоянд.
Аз ҷумла қайд намудан ҷоиз аст, ки ҳадаф аз баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ба ҳамин муносибат санаи 5-уми апрели соли равон ба китобхона 22 нафар хонандагони синфи 6 МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд зери роҳбарии омӯзгорон Аюбова Нилуфар, Юсуфҷонова Мухбира ва Абидова Шоира бо мақсади гузаронидани экскурсия ташриф оварданд. Ба онҳо саркитобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Рабиева Рокиябону ва сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо хизмат расониданд ва дар бораи раванди фаъолият, шуъбаҳо, дастовардҳои китобхона ва адабиётҳои мавҷуда маълумот доданд. Дар рафти экскурсия хонандагон аз толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дидан намуданд.
Инчунин дар рафти экскурсия аз тарафи китобдори шуъбаи кӯдакон ва наврасон Осимова Дилором китобҳои тозанашри шоирону нависандагон, аз ҷумла,«Қишлоқи тиллоӣ» - и Мирсаид Миршакар,«Об аз куҷо меояд?»-и Аминҷон Шукӯҳӣ, «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор»-и Акобир Шарифӣ, «Хониш - чароғи дониш»-и Умринисои Султон ба хонандагон муаррифӣ карда шуд.