14.03.2023 // Маърифати ҳуқуқӣ-кафолати рушди ҷомеа
Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияташ ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.
Сохтори имрӯзаи прокуратура бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими густариш ёфтааст. Бо иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ фаъолияти дигар рукнҳои ҳокимиятро тақвият бахшида, ба оромию осоиштагӣ, тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва ҳамзамон ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Фаъолияти Прокуратураи мамлакатро қаноатмандона арзёбӣ карда, муҳтарам Пешвои миллат фармудаанд:
«Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии ин сохтор бо вуҷуди шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, пойдор гардонидани қонуният ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст».
Ба ҳамин мазмун санаи 14-уми марти соли ҷорӣ дар шуъбаи толори хониш намоиши китобӣ зери сарлавҳаи «Маърифати ҳуқуқӣ-кафолати рушди ҷомеа» ташкил ва ба маърази хонандагон пешниҳод карда шуд. Дар намоиш зиёда аз 20 номгӯи китобҳо вобаста ба ҳамин мавзӯъ гузошта шуд, ки аз он хонандагон васеъ истифода бурданд.
Маъмурият