Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

28.02.2023 // НАСЛИ СОЛИМ-ОЯНДАИ СОЛИМ

(оид ба иҷроиши «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026»)

Тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба дарозумриву ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, бузургтарин донишмандони тиб ба такрору таъкид гуфтаанд, ки инсоният барои пойдории саломатӣ, тақвияти он ва умри дарози пурбаракат дидан беҳтар аз тарзи ҳаёти солим чизе кашф накардааст, тарзи ҳаёти солимро ҳеч дорую давое наметавонад иваз намояд.

Вазифаи асосии Китобхона ин тарғибу ташвиқи барномаҳои давлатӣ, амру қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамарӯза чорабиниҳои гуногуни соҳавиро баргузор менамояд.

Санаи 28-уми феврали соли 2023 дар толори Китобхона аз рӯи нақша-чорабинии китобхона вобаста ба тарғиби «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кормандони шуъбаи тиббӣ таҳти унвони «Насли солим-ояндаи солим» бо иштироки мутахассисони Муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ духтури амрози занонаи Маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд Ҳидоят Шукурова, духтури Маркази саломатии №3-и шаҳри Хуҷанд Мунаввара Зоидова, асабшиноси Маркази саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд Илҳом Қодиров, духтури амрози занонаи Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд Мавзуна Раҳматова, духтури амрози занонаи Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд Маҳлиё Алиева ва ҳамчунин донишҷӯён аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Баширхон Исҳоқӣ бо ҳамроҳи якчанд муаллимон ҳузур доштанд.

Чорабиниро китобдори китобхона Исоева Муътабархон  ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба китобхона хайрамақдам хонд ва ба иштирокчиёни чорабинӣ меҳмононро муаррифӣ намуд.

 Дар асоси барномаи мизи мудаввар мутахассисони соҳа аз ҷумла, духтури амрози занонаи Маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд Ҳидоят Шукурова дар мавзӯи «Модари солим–кӯдаки солим», духтури Маркази саломатии №3-и шаҳри Хуҷанд Мунаввара Зоидова дар мавзуъи  «Моҳияти шири модар», асабшиноси Маркази саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд Илҳом Қодиров дар мавзуъи «Нигаҳдории асаб пеш аз ҳомиладорӣ»,  духтури амрози занонаи Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд Маҳлиё Алиева, дар мавзӯи «Камхунӣ ва роҳҳои табобати он» суханронӣ намуданд.

Баъдан саркитобдори шуъбаи хизматрасонӣ Зуҳро Норматова китобҳои доир ба мавзӯи чорабинӣ вобастаро муаррифӣ намуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокдорон бо табибон музокира намуданд.

Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  Мирсаидов Баҳром ба меҳмонони маҳфил миннатдории хешро баён намуда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.