Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

01.03.2023 // МУАРРИФИИ КИТОБИ КОРМАНДИ ШОИСТАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН НЕЪМАТ ШАРИФ

Дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 1-уми марти соли равон китоби шоир, журналист ва тарҷумони  маъруф, Корманди шоистаи фарҳанги  Тоҷикистон Неъмат Шариф «Мероси бебаҳо» бо иштироки аҳли илму адаб баргузор гардид.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод оғоз намуд. Мавсуф дар бораи хизматҳои шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори варзида Неъмат Шариф ёдовар шуданд.

Сипас номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи классики тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд» ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов дар мавзӯи «Мазҳари муҳаббат ва сидқ» маърӯзаи худро ироа дошта, доир ба паҳлӯҳои эҷодии шоирӣ ва осори пурарзиши ӯ сухан гуфт.

Нависанда, рӯзноманигор, Аълочии фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Тоҷикистон Абдулҳамид Ҷӯраев таҳти унвони «Устод донандаи  шоёни касби худ» дар самти рӯзноманигорӣ хотираҳои худро иброз дошт.

Ҳамчунин хотираҳои худро рӯзноманигори варзида Аълочии фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Тоҷикистон Мунаввара Мирзоумарова низ ёдовар шуданд.

Хонандагони МТУ №20 бо лаҳзаҳои шеърхонӣ аз ашъори Неъмат Шариф қироат намуда табъи ҳозиринро болида намуданд.

Дар охир, фарзанди Неъмат Шариф Адиба Шарифова меҳмонон ва аҳли нишастро барои иштирок арзи сипос намуда, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ кард.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ