22.02.2023 // ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ- ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Ҳеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медоданд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои чунин лашкари далеру ҷасур буданд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Искандари Мақдунӣ лашкари бонизому соҳибзафари худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари қавии аҷдодони дури мо Куруши Кабир ва Дорои I бунёд гузошааст. Сулолаи Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон доданд. Лашкари давлати Сомониён дар пояи низому тартиботи қавӣ, одобу ахлоқи баланд ва оинҳои волои ҷавонмардӣ шоиставу сазовори шоҳи хирадманду адолатпешаи худ буд. Номи Исмоили Сомонӣ дар саҳифаи таърих чун шоҳи одилу хирадманд ва лашкаркаши тавонову соҳибтадбир бо ҳуруфи зарин ҷовидонӣ шудааст. Корнамоиҳои ҷангии ӯ дар ҳама давру замон бо далериву шуҷоат, ҷавонмардию ҷасорат, ҳақиқатпарастию хайрхоҳӣ, адолату раъиятпарварӣ ва ба ин монанд ахлоқу фазилатҳои ҳамида намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад. Аз ин рӯ, Исмоили Сомонӣ барои Бухоро девори шарафу ифтихор, нангу ор, худшиносию эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳувияту ҳама суннатҳо ва муқаддасоти миллати тоҷик буд.
Номҳои бисёр гурдони ҷасуру диловар, ки марзу бум ва ҳама муқаддасоти сарзамини бостонии моро аз таҳоҷуму таҷовузи аҷнабиён дифоъу ҳифз кардаанд, ҳусни таърихи пурифтихори миллати кӯҳанбунёди мо мебошанд. Дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд” ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ибораҳои “гурдони сафшикан”, “гурдони шерафкан”, “гурдони номовар”, “гурдони пилтан”, “гурди шерҷигар” ва амсоли ин шерозаву ҳусни баёни шоирони классики мо гаштааст, ки дар ҳамосаҳои хеш аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии гурдон ба халқу меҳан ва шоҳону саркардагони кишвару лашкари он қисса кардаанд. Аз ҷумла Фирдавсии бузургвор фармудааст:
Ҳаме зӯри гурдӣ ба ҷой оваред,
Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред.
Ба ин маънӣ гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвар ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд.
Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд.
Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 30 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад.
Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд.
Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.
Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд.
Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.
Ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-юми феврал дар толори асосии китобхона маҳфили идона бо иштироки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Сараввал иштирокдорони маҳфил аз намоиши китобию матбуотии бошукӯҳ зери сарлавҳаи “Артиш шоҳсутуни миллат аст”, ки дар долони китобхона, кормандони шуъбаҳои хизматрасонӣ ташкил карда буданд дидан намуданд.
Маҳфилро китобдори дараҷаи 1-и китобхона-филиали №2 Қосимова Малика ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдоронро муаррифӣ ва ташрифи онҳоро ба маҳфил хайрамақдам намуд.
Маърӯзаи аввали маҳфил бахшида ба таърихи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ- ифтихори миллат” аз ҷониби саркитобдори шуъбаи хизматрасонӣ Зӯҳро Норматова шунида шуд.
Корманди шуъбаи илмӣ-методии китобхона Мавзуна Ҳамробоева китоби тозанашри “Сарвар, Президент, Пешво”-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Кӯдакони кӯдакистони “Меҳросо”, ки дар маҳфил иштирок доштанд, шеъру суруд ва саҳначаҳои ҷолибро пешкаши иштирокчиёни маҳфил гардониданд.
Сипас меҳмони маҳфил майори Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Ҳабибулло Насимов ба сухан баромада зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Муқаддас доштани хоки Ватан, модар ва ҳифз доштани он қарзи ҳар як ҷавонмард аст. Ҳамзамон вобаста ба шароит ва будубоши афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ 0235-и шаҳри Хуҷанд низ ибрози назар дошт. Дар фарҷоми суханронӣ иштирокчиёни маҳфилро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният намуд.
Собиқадори соҳаи фарҳанг Нодирҷон Солиҷонов ба сухан баромад зикр намуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд.
Тӯли 30 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд. Дар фарҷоми суханронӣ иштирокдорони маҳфилро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ директори китобхона Баҳром Мирсаидов аҳли нишастро бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, армуғони идонаро ба меҳмонони маҳфил тақдим намуд.
Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ