Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

11.02.2023 // Конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: саҳми профессор Рофиев Ҳамдам Қутфиддинович»

Рофиев Ҳамдам Қутфиддинович 12 феврали соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Ӯ корманди шоистаи тандурустии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, эпидемиолог, доктори илмҳои тиб, профессор, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Рофиев Ҳамдам соли 1966 дар  аспирантураи Институти эпидемиология ва микробиологияи ба номи академик Н.Ф.Гамалеи шаҳри Москва таҳсил намуда, ба гирифтани унвони  номзади илмҳои тиб, эпидемиолог сазовор гардидааст. Ба Рофиев Ҳамдам Қутфиддинович соли 2003 унвони илмии профессор дода шуд.

Санаи 11-уми феврали соли 2023 ба муносибати 85-солагии профессор Ҳамдам Рофиев дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: саҳми профессор Рофиев Ҳамдам Қутфиддинович» бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ректори Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ профессор Муҳиддин Нуриддин, олимони соҳа, наздикон, пайвандон ва шогирдони профессор Ҳамдам Рофиев баргузор гардид.

   Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшид ва афзуд, ки  барои пешрафти соҳаи тандурустӣ саҳми олимони шинохта, мутахассисони варзидаи соҳа хеле калон аст.

  Шодравон Рофиев Ҳамдам Қутфиддинович яке аз поягузорони тибби муосир, ки ба рушди тандурустӣ, бахусус соҳаи эпидемиологӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар қаламрави кишвар саҳми бузург гузоштаанд. Олими намоёни тиб профессор Ҳамдам Рофиев дар тӯли умри пурбаракоти худ барои беҳдошт ва солимии аҳли ҷомеа бо нерӯи зеҳнӣ ва ақлонии худ хизмати босазо гузоштааст.

     Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Чамшед, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мунаввара Додхоева, мудири кафедраи эпидемиология ба номи Ҳамдам Рофиев Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб Гулнора Усмонова ва дигарон баромад намуда, аз кору пайкор ва хидматҳои анҷомдодаи профессор Ҳамдам Рофиев дар рушди соҳаи тандурустии мамлакат сухан ронданд. Ҳамдам Рофиев яке аз барҷастатарин ташкилотчиёни риштаи тандурустии Тоҷикистон мебошад. Чӣ тавре қайд карданд, маҳз бо ташаббус ва кӯшишҳои ӯ курси эпидемиология кушода шуд, ки минбаъд дар заминаи он кафедраи ҳамном таъсис ёфт.

  Яке аз  натиҷаи заҳматҳои Ҳамдам Рофиев соли 1994, ташкили Коллеҷи тиббӣ дар заминаи Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд, соли 1990 таъсиси факултаи тиббӣ дар сохтори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 1994 ба роҳ мондани фаъолияти кафедраи эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ мебошад. Профессор Рофиев Ҳамдам Қутфиддинович дар фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва тиббӣ таҳияи 54 тавсияи методиро анҷом дод, ки ҳамаи он имрӯзҳо дар амалияи тиббӣ ҷорӣ гашта, мавриди истифода қарор доранд. Таҳти роҳбарии профессор Ҳамдам Рофиев 16 нафар рисолаи докторӣ ва 38 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Таълифоти илмии Ҳамдам Қутфиддинович Рофиев то имрӯз зиёда аз 600 адад аст, ки 10 китоби дарсӣ ва 16 монография ба ин ҷумла медарояд.

Фаъолияти илмию омӯзгории Ҳамдам Қутфиддинович соли 1967 дар кафедраи бемориҳои сироятӣ ворид шуд. Ба ӯ муяссар гашт, ки дар заминаи кафедраи мазкур курси эпидемиологияро созмон диҳад. Соли 1998 академик Ҳамдам Рофиев ба гирифтани дипломи узвияти Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ ба номи Алберт Швейтсер, ҳамчунин ситораи калони тиллои академияи мазкур ноил гаштааст. Байни чеҳраҳои шинохтаи тиббӣ муосири дунё, дорандаи ҷоизаи Нобел насиб гардидааст. Академик Ҳамдам Қутфиддинович узви ифтихории Ҷамъияти байналмилалии академикҳои Ню-Йорк, ШМА интихоб гардид. Профессор Ҳамдам Рофиев дорандаи Ордени «Нишонаи фахрӣ» мебошад. Ҳамчунон ӯ ба гирифтани унвони «Корманди шоистаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон», «Аълочии маълумоти олӣ ва махсуси ИҶШС» ва ғайра сарфароз гаштааст. Дар рафти конфронс филми ҳуҷчатӣ оид ба фаъолият ва рӯзгори ибратбахши профессор Ҳамдам Рофиев намоиш дода шуд. Аз номи пайвандон фарзанди Ҳамдам Рофиев-Мирзоамон Рофиев баромад намуда, барои ташкил намудани чунин як конфронси ҷумҳуриявӣ ба Раиси вилоят арзи сипос намуд. Чун кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо муассисаи мазкур бо ташкил намудани нуқтаи китобдиҳӣ ҳамкорӣ дорад ва дар ин сана кормандони шуъбаи тиббӣ таҳти унвони «Соҳибдили бузург» намоиши китобию матбуотӣ ташкил намуданд.