26.11.2023 // САДА - ҶАШНИ МАРДУМИ ОРИЁӢ
Эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мардуми ориёӣ аз ҷумла, тоҷикон дорои фарҳанги баланди моддиву маънавӣ буда, ҷашну маросимҳои фаровони таърихӣ доранд, ки ҳар кадоме дорои анъана ва урфу одатҳои ба худ хос мебошанд. Дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Баҳманҷана, Шаби Ялдо Сада низ яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёӣ ба шумор меравад.
Дар замонҳои қадим мардум дар ҳисоб рӯз ва шабро алоҳида мешумориданд. Аслан, ҷашни Сада панҷоҳрӯз пеш аз Наврӯз қайд карда мешавад. Панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рӯз, ки ҳамагӣ сад мешавад, яъне садаи пеш аз Наврӯз мегӯянд.
Мутобиқи тақвими қадимаи ориёӣ Сада санаи 10-уми моҳи Баҳман қайд мегардад, ки он ба санаҳои 30 ва ё 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои миллии мо эҳё мегардад. Барои эҳёи Меҳргон ва Сада низ дастурҳои мушаххаси Президенти Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ки хеле судманду саривақтӣ мебошанд.
Ҷашни Сада ба монанди Наврӯзу Меҳргон рабту робитаи қавӣ бо киштукор ва деҳқонӣ дорад. Агар дар Наврӯз деҳқонон донаи умедро ба замин кишт кунанд, пас дар Сада тухмиҳоро омода мекарданд. Деҳқони ботаҷриба халтачаҳои тухмиро гирифта онро ҷо ба ҷо мекард. Дар шабҳои зимистон гирди сандалӣ нишаста деҳқонон машварати кишти навро мекарданд.
Бо иборае Сада ишорае ба деҳқонон буд, ки омода бошанд, Наврӯзу мавсими кишт дар наздик аст, ғафлат наварзанд, ба киштукори баҳорӣ омодагӣ бигиранд. Аз ин ҷост, ки деҳқонон аз сардии фасли зимистон истифода намуда, ба порукашонӣ ва яхобмонии заминҳои кишт машғул мешуданд.
Маҳз ибтикор ва талошу корномаҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки ҳамакнун ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тақвими ҷашну санаҳои таърихӣ» тағйирот ворид гардида, ҷашнҳои Меҳргону Сада низ чун оинҳои хуҷастаи миллӣ ба он ворид гардиданд. Вобаста ба ин чанд сол аст, ки дар кишвари мо санаи 30-юми январ ҷашни Сада ба шоистагӣ таҷлил мегардад. Агар аз рӯи тақвими муосир ба замони баргузории он таваҷҷуҳ намоем, ба мо маълум мегардад, ки ин ҷашн дар ҳақиқат мақоми таърихии худро дуюмбора пайдо намудааст.
Ба муносибати истиқболи ҷашни Сада бо ибтикори садорат ва кормандони шуъбаҳои хизматрасонӣ, толори хониш, бачагона, матбуоти даврӣ, техникӣ ва кишоварзӣ намоиши китобию матбуотии фарогири маводҳо доир ба мавзӯъ ташкил ва ба истифодаи хонандагон пешниҳод гардид.
Дар баробари ин бо як гурӯҳ хонандагон, донишҷӯён ва истифодабарандагон бахшида ба ҷашни Сада суҳбат ва муаррифии китоби «Сада оғози соли ориёист» гузаронида шуд. Зимни суҳбат кормандони китобхона сардори шуъбаи бачагона Собирова Дилрабо, саркитобдори шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зуҳрохон, сардори шуъбаи техникӣ-кишоварзӣ Дадобоева Зайнура суханронӣ намуда, дар бораи таърихи ин ҷашни ниёгон ва тарзу равиши гузаронидани он ба иштирокчиён маълумот доданд.
Боиси зикр аст, ки санаи 26-уми январи соли равон 41 нафар хонандагони Гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалил бо роҳбарии муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Раупова Шоира барои шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти китобхона ба муассиса ташриф оварданд. Кормандони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар бораи китобхона ба онҳо маълумот доданд ва дар баробари ин хонандагон аз шуъбаҳои китобхона дидан намуданд.
Сипас дар толори хониш бо хонандагони гимназия низ суҳбат доир ба ҷашни Сада гузаронида шуд, ки хонандагон дар бораи пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашн маълумот гирифтанд.
Дар охир ҳаминро илова менамоям, ки барои гирифтани дилхоҳ маълумот вобаста ба ҳама соҳа хонандагон ва донишомӯзон метавонанд ба шуъбаҳои китобхона муроҷиат намоянд, зеро дари китобхона ҳамеша ба рӯи хонандагон боз аст.
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятии
оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ