ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ –ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».
(аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,
шаҳри Душанбе, 23.12.2022)
Паёми имсолаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат рӯзи 23 декабри соли 2022, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Ҳангоми суханронӣ дар Паёми хеш Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2022 бо воқеаҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихиву хотирмон буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Президенти муаззами мо дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёра чунин ибрози ақида намуданд, ки имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.
Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.
Дар давраи имрӯза пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Мо ҳамеша пайрави Пешвои миллатем, чунончи таъкид намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Ба ин муносибат барои тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Пешвои миллат бо ибтикори садорат ва кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 20-уми январи соли 2023 дар толори муассиса Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат– таҳкимбахши рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар даромадгоҳи ошёнаи дуюми китобхона намоиши мӯҳташами китобию матбуотӣ вобаста ба мавзӯъ ташкил ва ба истифодаи меҳмонони конференсия ва хонандагон гузошта шуд. Дар баробари ин намоиши слайдӣ, ки аз тарафи шуъбаи электронии китобхона омода гардида буд дар рафти конференсия манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Меҳмонони конференсияи илмӣ- амалӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, доктори илмҳои филологӣ, профессор, муовини директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии назди МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Нуралӣ Нуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Субҳони Аъзамзод, собиқадори соҳаи китобдорӣ Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов, устодону донишҷуён ва кормандони китобхона буданд. Инчунин кормандони Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Спитамен, Ҷаббор Расулов дар конференсия иштирок доштанд.
Конференсияро Баҳром Мирсаидов - директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокдоронро ба китобхона хайрамақдам хонд. Мақсад ва мӯҳтавои конференсияро ба ҳамагон эълон дошта, зимоми суханро ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ вогузор намуд. Номбурда доир ба мавзӯи «Масоили ҳифзи манфиатҳои давлату миллат дар Паём» ба ҳозирин маъруза намуд.
Сипас Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод маърузаи худро зери унвони «Паём ва таҳаввули адабиёти миллӣ» ба аҳли толор ироа дошт.
Муовини директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии назди МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нуров оид ба мавзӯи «Паём ва заминаҳои устувори пешрафти маориф» ба иштирокчиён маърӯзаи пурмӯҳтавои худро ироа намуд. Зимни баромади худ пешрафти соҳаи маорифро маҳз аз талошу заҳматҳои бевоситаи Сарвари давлат дониста, нуктаҳои ҷолибро аз Паёмҳои ироанамудаи Пешвои миллат, ки ба соҳаи маориф нигаронида шуда буд ба ҳозирин мисол овард.
Баъдан иштирокчиёни конференсия аз маърӯзаи дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», номзади илмҳои филологӣ Субҳони Аъзамзод, ки «Паёми Пешвои миллат ва омилҳои рушди маънавияти ҷомеа» унвон дошт шунидан намуданд.
Таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат ҳамеша ба соҳаи фарҳанг равона гардида, баҳри баланд бардоштани соҳаи фарҳанги кишвар шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар ин бора маърӯзаи дигарро номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов, ки «Паём ва дурнамои фарҳанги миллӣ» ном дошт ба аҳли толор иброз намуд.
Конференсия дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.
Шуъбаи табъу нашри
Китобхонаи вилоятии оммавии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ