ЭНАҶОН БОЙМАТОВА - ПАХТАКОРИ НОМДОР
Энаҷон Бойматова соли 1923 дар деҳаи Роҳи Нави ҷамоати Пӯлодини шаҳри Конибодом тавваллуд шудааст. Пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960), Устоди пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967), Коркуни хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1983) мебошад. Солҳои 1935-1942 ба щайси колхозчӣ кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сардори бригадаи фронтӣ, солҳои 1946-1957 сардори бригадаи пахтакорӣ ва аз соли 1957 то соли 1985 раиси колхози «Москва»-и ноҳияи Конибодом буд.
Ӯ дар тӯли 28 соли роҳбари хоҷагӣ буданаш дар инкишофи пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводории ноҳия саҳми арзанда гузоштааст. Маҳз бо роҳбарӣ ва ташаббуси ӯ стансияи насоси обкашии «60-солагии СССР» сохта шуд, ки он боиси аз худ намудани 1000 гектар замини болои Канали калони Фарғона ва бунёди боғҳои нави мева гардид. Дар мавзеи соҳили Сир 900 гектар замини бекорхобида корам гардонида шуд. Ӯ ба ободонии деҳа ҳам аҳамияти ҷиддӣ медод. Дар давраи роҳбарии ӯ 4 таълимгоҳи замонавӣ, боғчаи кӯдакон, беморхона, бинои идораи колхоз, 40 хонаи истиқоматӣ сохта шуда, роҳҳо асфалтпӯш гардиданд.
Энаҷон Бойматова соли 1954 аъзои Камитети Марказӣ ПК Тоҷикистон ва депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъватҳои 4-11) буд. Бо 5ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Дӯстии Халқҳо», 5 медали тиллову нуқра ва биринҷии намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР, 4 Ифтихорномаи раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон мукофотонида шудааст. Ба муносибати 70-солагии Бойматова Энаҷон 9-июли соли 1994 ҳаҷагии ҷамоавии «Москва» ба номи Энаҷон Бойматова гузошта шуд.
Ба ҳамин муносибат, бахшида ба 100-солагии Энаҷон Бойматова санаи 16-уми январи соли ҷорӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи техникӣ ва кишоварзии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки зиёда аз 30 нафар хонандагон ва донишҷӯён дар китобхона маҳфил ташкил карда шуд. Дар маҳфил сардори шуъбаи техникӣ ва кишоварзӣ Дадобоева Зайнура дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Энаҷон Бойматова ба аҳли нишаст маърӯза намуд. Дар баробари ин намоиши китобӣ, ки фарогири маълумот дар бораи Энаҷон Бойматова ва соҳаи кишту кор мебошад ташкил ва ба истифодаи хонандагон пешниҳод карда шуд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи
вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ