Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

22.11.2022 // ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «КИТОБДОРИ СОЛ-2022» ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ ОММАВИИ БА НОМИ ТОШХОҶА АСИРӢ

Даҳсолаҳо инҷониб дар миқёси вилояти Суғд бо ибтикори Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  озмуни вилоятии «Китобдори сол» дар байни китобдорони вилоят  баргузор мегардад. Ташкили чунин озмунҳо аз пайравӣ намудан ба сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  далолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ҳамеша  дар татбиқи ҳадафҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат кӯшиш менамояд ва баҳри баланд бардоштани соҳаи китобдорӣ саҳми калон мегузорад.

Соли равон низ озмуни мазкур бо мақсади пешбурди соҳаи китобдорию китобшиносӣ, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳа, беҳбудӣ бахшидан ба сифату самаранокии хизматрасонии китобию иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 31-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 30- солагии иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даври шаҳрии он ташкил ва ҷамъбаст гардид. 

Санаи 22-уми ноябри соли 2022 дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ даври шаҳрии озмуни «Китобдори сол-2022» ташкил ва гузаронида шуд. Бояд ёдовар шуд, ки даври аввали он дар шуъбаҳо ва китобхона-филиалҳо гузаронида шуда ба даври шаҳрӣ 19 нафар роҳхат гирифта буданд.

Барои гузаронидани озмуни зикргардида аз тарафи садорати Қитобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳайати ҳакамони зерин  интихоб гардиданд.

  1.  Мирсаидов Баҳром- директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ.
  2. Ҳакимова Мунира– муовини директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оид ба корҳои хизматрасонӣ.
  3. Нурматова Умедаҷон- муовини директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ оид ба корҳои илмӣ- методӣ.
  4. Қаландаров Абдуазиз- сардори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ.
  5. Қодиров Ҷумъадилло- сардори шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ.


Ҳадафи асосии озмун санҷиши саводи китобдорон, вусъати андеша, қобилити илмию ҷустуҷӯӣ  ва маҳорати касбию тахассусии онҳо маҳсуб ёфта аз рӯи шартҳои зерин гузаронида шуд.

  1. Муаррифии фаъолияти китобдор (фаъолияти шахсӣ, омори нишондиҳандаҳои асосии китобхона, махзан, корҳои эҷодӣ, навоварӣ, ҳамкории китобдору китобхона бо дигар муассисаҳо, ширкат дар семинару конфронсҳо ва дигар паҳлӯҳои кории китобдор).
  2. Посух гуфтан ба саволҳои тахассусӣ ва сиёсие, ки дар монитор нишон дода мешавад.
  3. Роҳу усули нави хизматрасонӣ ба хонандагон дар китобхона (бо пешниҳоди дастурҳои методӣ, библиографӣ, презентатсия ва роликҳо)
  4. Рӯнамоии як самти фаъолияти китобдорӣ
  5. Санҷиши тестӣ(саволномаҳои соҳавӣ)

Ба баромади иштирокчиён ҳайати ҳакамони озмун аз 6 то 10 хол баҳогузорӣ ва ҷамъбаст намуданд, ки дар натиҷа методисти дараҷаи 2-и шуъбаи илмӣ-методӣ Тагирова Шафоатҷон бо гирифтани шоҳҷоиза, китобдори дараҷаи 1-и шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёт Атобекова Фотимахон бо гирифтани ҷойи якум, китобдори дараҷаи 2-и шуъбаи феҳрастҳо Ашӯрова Маҳина бо гирифтани ҷойи дуюм, китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Шукурова Дилором бо гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд ва ба даври вилоятии озмуни «Китобдори сол -2022»  роҳхат гирифтанд.


Шуъбаи тибъу нашри Китобхонаи вилоятии
оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ