Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ВОРИДШАВИИ 13 НОМГӮ КИТОБИ НАВ ДОИР БА РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ БА КИТОБХОНА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои муҳими давлатддорӣ ҳисобида, ҳама талошу кӯшиши худро ба он равона мекунанд. Ҷои зикр аст, ки ҳамасола барои баланд бардоштани соҳаи маориф ва илм нисбат ба дигар соҳаҳо аз ҳисоби буҷети мамлакат маблағ бештар ҷудо карда мешавад.

Яке аз иқдомҳои оқилонаи Пешвои миллат ин эълон намудани солҳои 2020-2040 «Солҳои рушди фанҳои дақиқ табиӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мебошад. Ҳамчунин дар ин замина аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки ҳамасола дар муассисаҳои соҳаи маориф олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ва ноҳиявӣ доир ба фанҳои дақиқ ташкил карда шавад. Дар баробари ин ташкили озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» боиси боз ҳам шавқманд гардонидани хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ мебошад.

Мардуми сарбаланди тоҷик ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, баҳри рӯшди соҳаҳои гуногуни кишавар саҳми бориз мегузоранд. Аз тарафи донишмандон ва олимон китобҳо нашр гардида, ба хонандагон пешниҳод мегардад.

Ба ҳамин мазмун ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар давоми  ду моҳи охир 13 номгӯ китоб бахшида ба рушди фанҳои дақиқ ворид гардид, ки хонандагон метавонанд ин китобҳоро аз шуъбаҳои китобхона ва китобхона-филиалҳо дастрас намоянд.





Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятии
оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ