20.06.2022 // Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Китобдор» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Санаи 20-уми июни соли 2022 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Китобдор» баргузор гардид. Ба ин муносибат аз тарафи кормандони шуъбаҳои китобхона намоиши китобиву матбуотӣ ташкил гардид. Ҳадафи маҷлис ҷамъбаст намудани фаъолияти корӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 буд.
Маҷлис бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром баргузор гардид.
Маҷлисро директори китобхона, номзади илмҳои филологӣ Мирсаидов Баҳром оғоз намуда, меҳмоноро ба иштирокдорон муаррифӣ намуд ва ташрифи онҳоро ба китобхона хайрамақдам хонд.
Дар ибтидои маҷлис роҳбари ташкилоти ибтидоии «Китобдор» Мирсаидов Баҳром баромад намуда, аз натиҷаи фаъолияти ин ташкилот ба ҳозирин маълумот дод ва нақшаҳои минбаъдаро барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳоди иштирокдорон намуд.
Баъд аз шунидани ҳисобот ду нафар фаъолон ба музокира баромада, фаъолияти ин ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш хонданд.
Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба сухан баромада, иброз дошт, ки ташкилотҳои ибтидоӣ асоси ҳизб буда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми муносиб доранд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза бояд ҳар як аъзои ҲХДТ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои нигаҳдории сулҳу субот ва ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳад.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаи қабули нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022, интихоби раиси ташкилот, интихоби вакил ба Конференсияи шаҳрии ҳизб, интихоби раёсати нави ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир якчанд нафар аз фаъолони ин ташкилот ба сопосномаву туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхона