Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

24.05.2022 // Рушди соҳаи фарҳанг- рушди ҷомеа

Фарҳангро метавон мазҳари ҳамаи арзишҳо ва василае донист, ки инсонҳо ба таври инфиродӣ ва дастаҷамъӣ мекӯшанд, то ҷабри зиндагӣ ва муҳитро бо хостаҳои озодӣ ва худинсонӣ созгор кунанд ва аз он роҳи зиндагӣ ва иртиботи худро бо ҷаҳон зеботару пӯётар созанд.

Боло бурдани сатҳи фарҳангии мардум яке аз шартҳои даврони мо мебошад. Ҳар қадар сатҳи фарҳангии ҷомеа боло равад, ахлоқу фаъолияти кори мардум ҳамон андоза рушд меёбад. Танҳо санъати олӣ ва ҳунари воло метавонад хислату фазилатҳои беҳтарини инсонро тарбия намояд.

Бо мақсади баланд бардоштани  соҳаи фарҳанг санаи 24уми майи соли 2022 дар кохи Суғдиён бо иштироки сардори Раёсати  рушди муасисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Орифӣ Озар Баҳромзода, сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар назди Раёсати фарҳанг Олимшоев Акмал ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Қосимов Бахтиёр Иброҳимович семинар баргузор гардид. Ҳамзамон дар семинар кормандони осорхонаву китобхонаҳо, намояндагони соҳаи фарҳанги шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.

Дар семинар оид ба масъалаҳои воҳиди кории кормандони соҳаи фарҳанг, саривақт супоридани ҳисоботҳо, ташкили чорабиниҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ, аҳамият додан ба ҳуҷҷатгузории муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар баробари ин барои беҳтар ва босифаттар намудани сатҳи хизматрасонии муассисаҳои фарҳангӣ ба кормандон ва намояндагони соҳаи фарҳанги шаҳру навоҳии вилоят маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона