23.05.2022 // Ҷавонон- фардои дурахшони миллат
Тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими низоми давлатдории миллӣ ба шумор рафта, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид мекунанд: «Шумо – ҷавонон - умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад».
Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.
Ба ҳамин мазмун бо ибтикори садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон намоиши китобию матбуотӣ ташкил карда шуд, ки аз он хонандагони зиёд дидан намуданд. Дар намоиш мақолаву китобҳои ба ин мавзӯъ бахшидашуда мавриди баҳрабаррдории хонандагон қарор дода шуд.
Имрӯз ҷавобан ба талошҳои пайгирона ва ҳамвора бо ҷавонон будани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони кишвар, бахусус ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатмандро мебояд тамоми нерӯ ва тавоноии хешро баҳри рушди устувори Ватани азизамон - Тоҷикистон, татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллию суботу осудагии ҷомеа равона карда, пайравони асили Пешвои миллати хеш буданро собит намояд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхона