Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад
Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 аз рӯйдодҳои пурошӯби таърихӣ буда, ҳеҷ гоҳ аз хотири мардуми озодандешу сулҳхоҳи дунё фаромӯш намешавад ва ҳамчун сабақи муҳими таърих дар роҳи пешгирии чунин фоҷиаҳои мудҳиш нақши калон мебозад.
Ҷанги солҳои 1941-1945 ҷанги одилонаю озодихоҳонаи собиқ халқҳои Шӯравӣ барои озодию истиқлолияти Ватан буда, на танҳо муборизаи байни ду системаи ҳамонвақтаи ба ҳам муқобил, инчунин, муборизаи некиву бадӣ, рушноӣ бо зулмоти фашистӣ буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ милионҳо одамони Шӯравӣ бо шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву ватанпаратӣ, бо матонати оҳанин бар муқобили зулму истибдод ва ниятҳои нопоки фашистони истилогар муборизаи беамон бурда, барои ояндаи некӯи мо ва халқҳои ҷаҳон ҷоннисориҳо кардаанд. Артиши зафарманди Шӯравӣ дар рафти амалиётҳои ҷангӣ таъғироти куллӣ ба амал овард ва дар муҳорибаҳои азиму ҳалкунанда қувваҳои яккачини фашистиро шикаст дод ва душмани ғаддорро 9-уми май соли 1945 дар лонаи худ-шаҳри Берлин мағлуб намуд.
Фахр мекунем, ки халқи тоҷик дар якҷоягӣ бо дигар халқу миллатҳои дӯсту бародари Шӯравӣ муборизаи беамон бурда, қаҳрамониҳо кардаанд, ки ҳамеша вирди забон аст.
Ба муносибати гиромидошти хизматҳои шоёни абармардони миллат шурӯъ аз 3-юм то 9-уми майи соли равон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ «Ҳафтаи поси хотир» ташкил карда шуд. Дар давоми ин ҳафта аз тарафи шуъбаҳои толори хониш, хизматрасонӣ, толори кӯдакон ва наврасон ва матбуоти даврӣ намоишҳои китобиву матбуотӣ ташкил гардид, ки аз он хонандагон истифода намуданд. Дар намоиш китобҳои ба ин ҷанг бахшидашуда ва мақолаҳо ба маърази истифода қарор гирифта буд, ки диққати хонандагони зиёдро ба худ ҷалб менамуд.
Пас ба ин хотир, мо бояд ҳамеша эҳтироми собиқадорони ҷангу меҳнати солҳои 1941-1945-ро ба ҷо оварем. Ҳамасола ҷашн гирифтани 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ин худ арҷ гузоштан ва ба ёд овардани қаҳрамониҳои абармардон аст. Итминони комин дорем, ки фарзандону пайвандони мо низ ба ин рисолати инсонӣ ҳамеша содиқ хоҳанд монд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
Шуъбаи табъу нашри Китобхона