Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

07.05.2022 // Ҳамнавои мардум

«Имрӯз бо итминони том метавон гуфт, ки радио ва телевизион воситаи дастрастарини ахбори омма буда, тавассути он тамоми иқдомҳои пешбарандаи ҷомеа баррасӣ мегардад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


 

Радио ва телевизион воситаи муҳимтарини дастраскунии ахборот, рӯйдод ва маълумотҳо ба оммаи халқ мебошад. Аз ин рӯ ҳамасола санаи 7-уми май ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии радио ва кормандони воситаи алоқа таҷлил карда мешавад.

Ба ҳамин муносибат бо ибтикори садорат ва  шуъбаи техникӣ-кишоварзии  Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида ба  Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа, маҳфил таҳти унвони “Ҳамнавои мардум”  ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинӣ кормандони соҳаи радио ва телевизион, хонандагон ва кормандони китобхона иштирок намуданд. Меҳмонони маҳфил сармуҳаррири радиои Суғд Тошматов О., муҳаррири радиои Суғд Аджилхалилова З., муҳаррири радиои Суғд Узоқова М., собиқадори соҳаи радио Мирзоумарова М., муҳаррири радио Ахмедова У., муҳаррири радио Қаҳҳорова А., буданд.

Чорабиниро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи  Тошхоҷа Асирӣ, номзади илмҳои филологӣ Мирсаидов Б. оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд ва корандони радио ва воситаи алоқаро ба ин рӯзи хотирмон табрик намуд.

Дар ибтидои чорабинӣ намоиши слайдӣ доир ба таърихи фаъолияти радиои вилояти Суғд  пешниҳоди иштирокдорони маҳфил гардонида шуд, ки писанди ҳамагон омад.

Сипас  сармуҳаррири радиои Суғд Тошматов О. аз рӯи мавзӯи «Дирӯз, имрӯз ва фардои радиои Сӯғд»  маърӯза намуд. Номбурда дар маърӯзаи хеш доир ба фаъолияти босамари радиои Суғд ва нақшаҳои ояндаи он ибрози назар намуд.

Сипас муҳаррири радиои мазкур Узоқова М. дар мавзӯи «Радио- раҳнамои эҷодии ман» баромад намуда, аз касби интихобнамудааш ва фаъолияти эҷодкориаш ба аҳли маҳфил қисса кард, ки  боиси ибрати рӯзноманигорону қаламкашони ҷавон мебошад.

Ҳамчунин муҳаррири дигари ҳамин радио Аджилхалилова З. дар мавзӯи «Фаъолият дар радио орзуи бачагии ман»  суханронӣ намуда, қайд кард, ки шавқи рӯзноманигорӣ ҳанӯз дар овони бачагӣ дар дили ӯ пайдо гардида буд  ва тавонист имрӯз онро дар ин ҷода муваффақ гардонад.

Дар қисмати интиҳои чорабинӣ китобдори шуъбаи техникӣ-кишоварзӣ Қаюмова Ф. хулосаи китобшиносӣ намуда, чанде аз китобҳои ба соҳаи радио ва алоқа бахшидашударо ба аҳли торлор муаррифӣ намуд.

Дар охир сармуҳаррири радиои Суғд Тошматов О. аз номи кормандони соҳаи радио ва алоқа, иштирокдорони маҳфил ба  ташкилкунандагон изҳори миннатдорӣ намуд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона