05.05.2022 // ШОИРЕ АЗ БОМИ ҶАҲОН
(Ба муносибати 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар)
Мирсаид Миршакар 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Аввал дар мактаби ибтидоии деҳа, сипас дар мактаб-интернати Хоруғ маълумот гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст.
Соли 1932 дар ҳайати бригадаи комсомолони фаъол ба сохтмони Вахш сафарбар шуда, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Сипас котиби Кумитаи комсомоли сохтмон интихоб шудааст, ки достони шарҳиҳолии «Ливои Зафар» (1934) маҳсули ҳамин давраи ҳаёту эҷодиёти ӯст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ходими сиёсӣ, баъдан сардори кумитаи репертуари Раёсати санъат, ҷонишини мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти КМ ПК Тоҷикистон будааст. Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардидааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бар уҳда дошт . Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст.
Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст. Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тиллоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Кишлоқи тиллоӣ» дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст.
Мирсаид Миршакар соли 1950, барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст. «Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст, ки нахустин бархӯрдҳои инқилобии кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекунад ва дар заминаи он, дар таҳияи худи муаллиф ва И. Филимонова, филми ҳунарӣ бардошта шудааст.
Солҳои пасин достонҳои нави ӯ «Дугонаҳо» (1961), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Чашмони Ленин» (1964), «Авроқи муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) «Зинда бод ханда!» (2012) дастрас ва мақбули умум гардидаанд. Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик устувору шуҳраташро сазовор гардонидаанд. Соли 1964 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1972 шоистаи Мукофоти Комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.
Дар баробари ин Шоири халқии Тоҷикистон, Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, узви КМ ПК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Бо ду ордени Ленин, ордени «Инқилоби Октябр», ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Дӯстии халқҳо», ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1934 сар карда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1993 баҳри ояндагон мероси пурғановате гузошта, аз олам даргузашт.
Ба муносибати 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар бо ибтикори садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар шӯъбаҳои толори хониш, хизматрасонӣ, толори кӯдакон ва наврасон, матбуоти даврӣ намоиши китобиву матбуотӣ таҳти унвонҳои «Шоире аз боми ҷаҳон», «Қиссаҳои Ҳиндустон» ташкил карда шуд, ки аз он хонандагони доимии китобхона, донишҷуёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ ва толибилмони мактабҳои миёна истифода намуданд.
Дар намоиши китобиву матбуотӣ китобҳои шоири барҷаста ва дӯстдоштаи кӯдакону наврасон Мисаид Миршакар мавриди истифода гузошта шуда буд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхона