Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

29.04.2022 // Даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

 

Бо мақсади иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №АП-156, аз 3-юми феврали соли 2022, қарори №94 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, аз 11-уми марти соли 2022 дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022  ва ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, такмили захираҳои луғавӣ ва такмили ҷаҳони маънавии кормандони китобхона, фармоиши директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, номзади илмҳои филологӣ Мирсаидов Баҳром, аз санаи 12-уми апрели соли 2022 таҳти №15 ба тавсиб расид.

Дар фармоиши мазкур қайд гардида буд, ки даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  рӯзҳои 28-29-уми апрели соли 2022 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар байни кормандони муассиса гузаронида шавад.

Ба ҳамин мазмун санаҳои зикргардида дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Дар озмун мутахассисони китобхона, новобаста аз синну сол аз рӯи номинатсияҳои озмун иштирок намуданд.

Барои гузаронидани озмуни мазкур ҳайати ҳакамон ва тадорукот созмон дода шуд, ки ба ҳайати ҳакамон раис, номзади илмҳои филологӣ, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром, муовин, муовини дирекор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунирахон, котиб, муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзунахон дохил мешуданд.

Ба ҳайати тадорукот бошад директори китобхона Мирсаидов Б.Т. раис, муовини дирекор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова М.Б. муовин, муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева М.Т. узв, сармуҳосиб Қудратова С.У.узв, сардори шӯъбаи хизматрасонӣ Бойпоччоева Ҳ.С. узв, сардори шуъбаи толори хониш Эргашева М.М. узв, китобдори дараҷаи 1-уми китобхона- филиали №2 Қосимова М.У.узв. интихоб гардида буданд.

Дар озмун 75 нафар кормандони китобхона иштирок намуданд, ки аз онҳо 20 нафар аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд намудани адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, 1 нафар аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд намудани осори адабиёти классикии форс-тоҷик, 43 нафар аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд намудани осори адабиёти  муосири тоҷик, ва 11 нафар аз рӯи хондан ва азёд намудани осори адабиёти  ҷаҳон баромад намуданд.


Озмун ба таври шафоф ташкил ва гузаронида шуд. Ғолибони даври муассисавии озмун ба даври минтақавӣ(дуюм) роҳхат гирифтанд.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхона